Дар кӯчаҳои Хуҷанд 200 автобуси нав мусофир мекашанд (САДО)
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд зимни як нишасти ахираш бо рӯзноманигорон гуфт, дар назар аст, соли равон ё дар соли оянда кӯчаҳои марказии шаҳр пурра бо автобусҳо таъмин гарданд.
Бино ба гуфтаи шаҳрдори Хуҷанд, феълан корҳо доир ба лоиҳаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш анҷом ёфта, барои амалӣ гардидани он 8 мутахассис аз ҷумҳурии Чех тайи 2 моҳ аст, ки таҳлил мегузаронанд: “Ин лоиҳа аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфта, он аллакай баҳои мусбат гирифтааст ва агар таҳлилро пурра гузаронанд, мумкин аст, ҳамин сол ё соли оянда ин барнома амалӣ шавад”.
Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи суханаш гуфт, “мо наздик ба 200 автобуси калонҳаҷму миёнаҳаҷмро ба кредит мегирем. Сифати хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар мешавад ва тамоми истгоҳҳо азнавсозӣ мегарданд. Нақлиёте, ки имрӯз хизмат расонида истодаанд, бекор намемонад ва дар нақша ҳаст, ки онҳоро ба канори шаҳр мебарорем”.
Ҳамзамон, шаҳрдори Хуҷанд доир ба лоиҳаи беҳтаргардонии вазъи обтаъминкунӣ ва беҳтар кардани ҳолати экологӣ-санитарии шаҳри Хуҷанд ҳарф зад: “Ҳоло 1300 қуттиҳои махсуси партов омода намуда, дар маҳаллаҳо ҷойгир намудем ва ният дорем, ки дар оянда коргоҳи коркарди партовро низ дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд созмон диҳем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |