Тағйироти кадрӣ дар Сирки давлатӣ. Директор нав шуд
Дар пайи як тағйироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳбарони чанд муассисаи фарҳангӣ иваз шуданд.
Дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг мегӯяд, бар пояи ин тағйирот Ашӯр Раҷабов директори Сирки давлатии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ҳамчунин бо як қарори дигари вазири фарҳанг Муборакшо Мирзоев ба курсии раҳбари Меҳмонхонаи “Фарҳанг” нишастааст.
Ин тағйирот дар ҳолест, ки 16 март бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода аз вазифаи муовини якуми вазири фарҳанг озод ва ба ҷойи ӯ Ибодулло Машрабов таъин гардид. Ибодулло Машрабов то ин дам раҳбарии Театри академии давлатии ба номи Лоҳутиро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |