Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Донабоева барои “худсарона буридани дарахт”
Мақомоти пулиси экологии вилояти Суғд аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи як соҳибкори 32-сола хабар додаанд, ки дар ғайриқонунӣ буридани дарахтон муттаҳам мешавад.
Торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Донабоева М., раҳбари маҷмааи “Шаббода” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов “бо мақсади тармиму таҷдиди саҳни ҳавлӣ ва бинои маҷмааи мазкур моҳи феврали соли 2015 барои буридани як бех дарахти тут ва 2 бех дарахти навъи чинор аз бахши муҳити зисти ноҳия иҷозат гирифта, ба ҷойи он 46 бех дарахтони навъи гуногунро, ки дар ҳолати сабзиш қарор доштанд, буридааст”.
Манбаъ мегӯяд, бо ин амал ӯ ба муҳити зист ба маблағи 31880 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. “Айни замон нисбати Донабоева М. ҳамчун гумонбар дар худсарона буридани дарахтон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-менависад торнамо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |