Муҳаммад Бадеу ёронаш ба қатл маҳкум шуданд
Додгоҳе дар шаҳри Қоҳира ҳукми эъдоми Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ҳаракати Бародарони мусулмон ё худ “Ихвонулмуслимин”-и Миср бо шумули 13 тан аз узви аршади ин гуруҳро содир кард.
Ин 14 нафар аз ҳамҳизбони Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини Миср 17 март расман дар иқдоми мусаллаҳона ба хотири густариши ошӯб дар ин кишвар айбдор шуданд.
Эълони ҳукми эъдоми ин афрод дар ҳолест, ки охирҳои моҳи феврали соли равон онҳо аз сӯи додгоҳи Қоҳира дар таҳрики хушунат баъд аз барканории Мурсӣ айбдор ва ба ҳукми абад равонаи зиндон шуданд.
Мақомоти додгоҳии Миср ҳукми охир алайҳи Муҳаммад Бадеу ёронашро ба муфтии ин кишвар ҳавола карда, дар сурати таъйид шудани он аз сӯи Шайхи Азҳар амалӣ хоҳад шуд. Ба иттилои хабаргузориҳои мисрӣ, ҳукми ниҳоии ин раҳбарони Бародарони мусулмон рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ дар пайи тасмими муфтии Миср эълон хоҳад шуд.
Маҳкум ба эъдом шудани ҳаводорони Мурсӣ дар Миср бори аввал нест, дар гузашта низ ин ҳукм алайҳи 683 нафар аз ёрони ӯ эълон шуда буд. Баъди “Баҳори араб” ва дар натиҷаи интихоботи демократӣ дар Миср ҷонибдорони "Бародарони мусалмон" сари қудрат омаданд. Аммо баъди як табадулоти низомӣ дар моҳи июли 2013 артиш Муҳаммад Мурсӣ, яке аз раҳбарони Бародарони мусулмонро аз симмати раёсатҷумҳурӣ барканор карда, ба зиндонаш афканд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |