Бахшҳо

9 соли зиндони Муаттара Ҷӯраева ва норозигии модараш

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, имрӯз, 17 март Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистонро ба иттиҳоми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Додраси парванда зимни эълони ҳукм гуфт, бо татбиқи қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлат кам мешавад. Ҳамин тариқ бо назардошти шаш моҳи ҳабси пешакӣ Муаттара Ҷӯраева 5,5 солро дар зиндон паси сар хоҳад кард. Додраси парванда инчунин илова намуд, баъди адои ҷазо Ҷӯраева давоми се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум хоҳад шуд.

Муаттара Ҷӯраева ҳангоми ироаи сухани ниҳоияш дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз, 17 март изҳор дошт, ки қаллоб нест ва ҳеч гоҳ чунин ният ҳам надошт. Олия Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева дар шарҳи ин ҳукми додгоҳ ба "Озодагон" гуфт, "агар аз қабл ӯро боздошт намекарданд, то ҳозир ин маблағҳоро кор карда, бозпас медод".

Худи Муаттара Ҷӯраева низ дар сухани ниҳоияш изҳор доштааст, ки қаллобӣ накарда, маблағҳоро ҳамчун қарз гирифтаасту қарздиҳандаҳо онро ихтиёрӣ додаанд: "Агар каме сабр мекарданд, ман он қарзҳоро бармегардондам. Ҳеч гоҳ нияти қаллобӣ надоштам”. Ӯ таъкид намудааст, ки дар сурати озодияш қарзҳоро бозпас хоҳад дод.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12 март дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон 10 соли зиндон талаб карда, афзуд, бо татбиқи қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлат кам карда шавад.

Аз ин пештар Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълон карда буд, ки Муаттара Ҷӯраева, наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки 13 октябри соли гузашта ба иттиҳоми “қаллобӣ” боздошт гардид, иқрор кардааст, ки аз чанд нафар маблағ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ маблағи гирифтаи Муаттара Ҷӯраева беш аз 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар сурати баргардонидани ин маблағ тибқи қонуни нав афв озод хоҳад шуд.

Ин ниҳод бо пахши иттилоияи расмӣ гуфт, Муаттара Ҷӯраева аз моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ бо номи “Санавбар” дар Душанбе аз афроди гуногун қарз гирифта барнагардондааст. "Аз ҷумла ба гарави ҳуҷҷатҳои хонаи зисти шаҳрванд Муллоев Н.А. 24300 доллар гирифта, дар таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ харҷ намудааст ва то ҳол на қарзу на ҳуҷҷатҳои хонаро барнагардонидааст". Ин ниҳод мегӯяд, Ҷӯраева инчунин қарзҳои дигар ва ҳаққи сохтмончиёне, ки дар тарабхонаи ба иҷорагирифтааш кор мекардаанд, надодааст. Баробари ин маблағи қолинҳои аз бозори Султони Кабир гирифтааш, ки ҳудуди 3370 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барнагардондааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод гуфта буд, ки дар сурати пардохти ин ҳама маблағҳо собиқ ситораи телевизион озод хоҳад шуд.
Мӯҳр
Озодагоне, харчое бошад худатона ба хами иборасозитон "доно" нишон доданиен даа. Агентсво -Очонси )))), Коррупсия - Фасод ))) ВКД - ВУД )))) Хукумату давлат кади шумо акл надоран Озодагон??? Номхои Кумитаву, Вазорату, Агентихо ва дигар ниходхои давлати, дар сатхи Хукумат кабул шудаанд! Аз ин лихоз Очонсиву, Фасоду, ВУД-у, ВУХ-у ПУХТОНА монен акыы. Хамон тавре, ки кабул шудааст, хамон хел нависед! Гофиле бо чопш накни, ки дар хактон "убол" шава!

Ачоиб! дар зиндон бо сатру дар озоди бе сатр...

хичоб
Бечорарао барои хичобаш аз маъракаашон рондаднд.

Алибек
Бай пушти панчарара мераван бад намозу бад сатр мекнан дар берун кастум брукати мегардан

Алибек,
Алибек,
Ин бечора баьд аз махбас Шуданаш сатркун шудНосир,
Носир,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)