Муҳиддин Кабирӣ барои иштирок дар Asian Forum for Peace & Development ба Малайзия рафт
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири иштирок дар як форуми байналмилалӣ ва баҳсу баррасии вазъи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Осиё озими Малайзия шудааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сафари Кабирӣ ба Малайзия рӯзи 17 март оғоз шуда, қарор аст, ӯ дар ҷаласаи Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд иштирок ва суханронӣ намояд.
Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд (Asian Forum for Peace & Development) як сол пеш аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Осиё таъсис ёфта, дар ҷаласаи навбатии он вазъи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, аз ҷумла чолишҳо ва роҳҳалҳои мушкилоти онҳо баррасӣ хоҳад шуд. Ҷаласаи форуми мазкур аз 17 то 19 марти соли равон дар Малайзия баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Файзраҳмонов, интизор меравад, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон инчунин дар Анҷумани сеюми байналмилалии "Ваҳдати уммати исломӣ", ки аз тарафи Ҳизби исломии Малайзия (PAS) ва дафтари Абдулҳоди Аванг, муовини раҳбари Иттиҳоди оламии уламои мусалмон, ки аз 20 то 22 март баргузор мешавад, иштирок кунад.
Оқои Файзраҳмонов мегӯяд, қарор аст, дар ин конфронсҳо шахсиятҳои саршиноси ҷаҳони Ислом, аз ҷумла Рошид Ғаннушӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тунис иштирок кунанд.
Дар анҷумани мазкур ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар баробари баҳсу баррасии мушкилоти мусалмонон, бештар ба буҳрони Фаластин ва мушкилоти фаластиниён, аз ҷумла Қудси шариф таваҷҷуҳ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |