А. ЗАРИФӢ
Муовини вазири дифои Русия -- Анатолий Антонов дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, “Давлати исломӣ” аз ҳама беш ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Ин ҳушдори мақомдори рус дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳарфи “хатари таҳдиди “Давлати исломӣ” ба Тоҷикистон” аз забони бархе мақомоти Тоҷикистон низ матраҳ шуда буд.
Коршиносони тоҷик хатари таҳдиди “Давлати исломӣ” ё “ДИИШ”-ро инкор намекунанд, аммо ба ин шакл бузург нишон додани хатари он аз сӯи мақомоти русро беманифати Русия намедонанд. Бархе коршиносон аз ин фаротар мераванд ва таъкид мекунанд, ки Русия бо бузург нишон додани хатари “ДИИШ” мехоҳад контроли марзро дар ихтиёр гирад.
Таҳлилгари тоҷик Сафват Бурҳонов мегӯяд, дар Афғонистон дӯстони зиёде дорад ва онҳо гуфтаанд, ҳеч таҳдид аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ба таъкиди ӯ, “ин дасисаи Кремл барои тарсондани ҳукумати Тоҷикистон ва муфт марзро гирифтан аст. Ҳукумати Тоҷикистон набояд аз ин дасиса тарсад. Ба ин фитнаҳо бояд одат карда бошанд. Ҳар гоҳе, ки сухан аз марзу Роғуну алюмин пайдо шуд, Кремл дарҳол дар Афғонистон ё Толиб ё “ДИИШ” меёбад”.
Ин коршинос дар идома меафзояд, Тоҷикистон бояд дар ин маврид иттилои дақиқ дошта бошад: “Иттилои президенти Тоҷикистон бар асоси ахбори разведка сурат мегирад. Разведка бошад, тақрибан дар баланси Русия буда, ба манфиати Кремл президенти Тоҷикистонро шояд дезинформатсия мекунад. Президент бояд дар ин росто сарчашмаҳои муътамади худро дошта бошад ва ба ахбори бардурӯғ фирефта нашавад”.
Аммо коршиноси масоили сиёсӣ -- Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ҳушдори генерали рус дар робита ба таҳдидҳо аз он сӯи марзро паёми ҷиддӣ, вале ҳадафмандона медонад. Ба гуфтаи ӯ, “ба ҳар ҳол, масъалаи вуҷуд ва дурнамои "Давлати исломӣ" ба як баҳси байналмилалӣ табдил ёфтааст, ҳатто депутати Бундестаг аз сарвазири Олмон интиқод мекунад, ки чаро масъалаи "Давлати исломӣ"-ро аз “Ал-қоида” ҷудо медонанд ва алайҳи онҳое ки ин гуна ташкилотсозӣ мекунанд, иқдом ё садое баланд намекунад”.
Дар идома Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода таъкид мекунад, “вақте масъалагузорӣ ба ин тарз аст, қудратҳои дигар бо василаи ҳушдор додан аз вуҷуди чунин гуруҳҳо ҷои пои нав пайдо кардан мехоҳанд”. Вале ин коршинос таъкид мекунад, ки таҳдидҳои “Давлати исломӣ”-ро касе инкор карда наметавонад.
Коршиносони дигар бар ин нукта таъкид мекунанд, ки “ДИИШ” дар Тоҷикистон наметавонад пойгоҳи мустаҳкаме пайдо кунад, чун мардум инҷо аз мардуми Афғонистон фарқ мекунанд. Вобаста ба ин масъала, Темур Варқӣ мегӯяд: “Дар Тоҷикистон барои дифоъ аз худ дар баробари гуруҳҳои террористии хурд ба андозаи кофӣ силоҳу қувва мавҷуд аст. Ба фарқ аз Афғонистон онҳо дар ягон минтақаи кишвар ҳимояи аҳолиро ба даст намеоранд”,- меафзояд ин коршинос.
Зуҳури “Давлати исломӣ” дар Афғонистонро мақомоти ин кишвар рад намекунанд. Чанд ҳафта пеш як фармондеҳи маҳалии гуруҳи террористии “ДИИШ” аз тарафи неруҳои низомии Афғонистон ба қатл расид. Аз ин нигоҳ коршиносон вуҷуди таҳдидҳо аз сӯи Афғонистон ба Тоҷикистонро рад намекунанд, аммо мегӯянд, Тоҷикистон дар муқобили ин таҳдидҳо метавонад мубориза барад.
Иззат Амон, як соҳибназари тоҷик таъкид мекунад, мақсади мақомоти рус аз ин шоеъапароканӣ ба даст овардани назорати марзи Тоҷикистон мебошад. Вале ба гуфтаи ӯ таҳдиди аслӣ ба ояндаи Тоҷикистон аз дигарҷо сарчама мегирад. Иззат Амон мегӯяд: “Ба давлати Тоҷикистон пеш аз ҳама фасод, хешу таборбозӣ, поймол шудани ҳуқуқи инсон, бекорию бечорагию камбағалӣ таҳдид мекунад, ки метавонад теша ба реша бизанад”.
Дар хотима бояд қайд кард, ки ҳарчанд ҳушдори низомии рус ҳадафмандона бошад ҳам, набояд онро содда пиндошт ва барои ҳифзи амнияти кишвар омода бояд буд.