АКСУ ВИДЕО: Э. Раҳмон дар бораи вакилии худ, баҳсҳои парлумонӣ ва депутатҳои шахшуда
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17 март дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум, вакилон ва раиси Маҷлиси намояндагонро ба муносибати интихоб шуданашон табрик гуфта, дар фаъолияташон муваффақият таманно намуд.
Раисиҷумҳур зимни суханронӣ дар назди вакилони нав аз роҳ ёфтани занону ҷавонони бештар ба парлумон истиқбол карда, ҳамаи вакилони тозаинтихобро даъват намуд, бо дасту дили пок фаъолият кунанд: “Дасту дили пок дошта бошед ё вакилӣ кунед ё ба тиҷорат равед... Вазифаи парумон танҳо қабули қонунҳо нест, балки бояд иҷрои ин қонунҳоро низ назорат кунад”.
Раисиҷумҳур инчунин зикр намуд, ки худаш низ аз курсии вакилӣ ба сиёсати бузург ворид шудааст ва маҳз ба ҳайси вакил бо ҳаёту мамоти давлат шинос шудааст. Ӯ афзуд, вақте вориди парлумон мешавад, солҳои бесарусомонӣ ва ногувори 90-уми асри гузашта ба хотираш меоянд.
Бо зикри ин нукта Эмомалӣ Раҳмон аз вакилони тозаинтихоб хост, ба мардум наздиктар бошанду дар ҳалли мушкилоти онҳо талоши бештар кунанд.
Раисиҷумҳур ба интихоботи парлумонии якуми март ишора карда, афзуд, он шаффофу демократӣ гузашта, баёнгари маърифати сиёсии рӯзафзуни мардум аст: "Мо барои Шумо тамоми шароиту маоши хубро муҳайё кардем, то фаъолияти хуб дошта бошеду муттаҳам набошед".
Раисиҷумҳур инчунин аз вакилон даъват намуд, шахшуда набошанд, чун вазифаи депутатӣ догма нест: "Парлумон ҷои баҳс аст ва шумо бояд аз сатҳи баланди касбии ташхису экспертизаи қонунҳо бархӯрдор бошед".
Президент афзуд, вакилон ҳангоми қабули қонунҳо бояд ба сифати онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа бидиҳанд ва қонунҳоро аз лиҳози ҷавобгӯ будан ба талаботи замон ва ҷомеа асоснок намоянд: “Ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо бояд ояндаи рушди ҷомеа, бо дарназардошти риоя ва татбиқи арзишҳои волои инсонӣ, ба монанди озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, маънавию ахлоқӣ, шахсӣ ва дахлнопазирии шарафи инсонӣ ба инобат гирифта шавад”.
Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо ва субъекти дорои ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ бо мақсади рушди танзими ҳуқуқии соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар асоси такмили заминаҳои қонунгузории кишвар пешниҳод менамоям:
- якум, вакилон аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ самаранок истифода карда, сарфи назар аз мансубияти ҳизбии худ, барои такмили фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас гузоранд ва имкониятҳои дар ин самт мавҷударо васеъ истифода намоянд;
- дуюм, ҷиҳати таъмини волоияти Конститутсия ва амали бевоситаи он дар қаламрави кишвар бо дарназардошти манфиатҳои давлату ҷомеа ҳолатҳои такроршавии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар қонунгузории мавҷуда бартараф карда шаванд;
- сеюм, ба меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои самти асосии фаъолияти парламенти касбӣ идома дода шавад;
- чорум, такмили қонунгузории кишвар ҳамчун самти афзалиятноки парламент боқӣ монда, дар солҳои наздик қонунэҷодкунӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллии мо бояд пояи ҳуқуқии рушди минбаъдаи мамлакат қарор гирад;
- панҷум, зимни таҳия ва қабули қонунҳо ба сифат ва самаранокии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа дода шавад, зеро дурнамои инкишофи қонунгузорӣ бо дарназардошти ислоҳоти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа тақозо мекунад, ки меъёри қонун бояд амалишаванда ва ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад;
- шашум, бо мақсади такмили фаъолияти қонунэҷодкунии парламент экспертизаи лоиҳаи қонунҳо ба таври васеъ ба роҳ монда, аз имкониятҳои экспертизаи илмии лоиҳаи қонунҳо бо ҷалби ҳарчи бештари муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо истифода бурда шавад;
- ҳафтум, зарур аст, ки санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ такмил дода шаванд;
- ҳаштум, вакилон ҳамкории доимиро бо интихобкунан¬дагони худ, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд ва бо раъйи онҳо ба курсии вакилӣ шарафёб гардидаанд, ба роҳ монда, ба масъалаи ҳалли мушкилоти онҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки сазовори эътимоди интихобкунандагон бошанд.
Раисиҷумҳур таъкид дошт, вакилон намунаи поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошанд ва дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла коррупсия ва таҳкими волоияти қонун қарор дошта бошанд. Дар пайи баромади Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи нахустини парлумон барои 30 дақиқа танаффус эълон гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |