Бахшҳо

Боздошти беш аз 70 нафар ба иттиҳоми узвият ба “Давлати исломӣ”

Мақомоти Туркманистон дар шаҳри Теҷен беш аз 80 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротгарои “Давлати исломӣ” ва “Толибон” дастгир кардаанд.

Шаҳри Теҷен аз манотиқи наздик ба марзи Афғонистон ба шумор рафта, дар 200 километрии ҷанубу шарқи Ашқобод ҷойгир аст. Расонаҳои Туркманистон иттилоъ медиҳанд, ки ин боздоштҳо аз моҳи феврал ба ин тараф идома дошта, дар шиносоӣ ва боздошти ин афрод неруҳои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Туркманистон ҷалб шудаанд.

Гуфта мешавад, қисме аз дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳи тафтишотии маҳаллии AHD/3-и Вазорати корҳои дохилӣ ва қисме дар боздоштгоҳи AHD/2-и Кумитаи амнияти миллӣ дар Ашқобод нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти интизомии Туркманистон мегӯянд, афроди боздоштшуда бо гуруҳҳои ифротгарои “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҳамкорӣ доранд. Ин иттиҳом дар ҳоле аз сӯи мақомоти интизомии Туркманистон садо медиҳад, ки тибқи иттилои расонаҳо сокинони шаҳри Теҷен дар пайи боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, беқурбшавии пули миллӣ, бекорӣ ва ҳал нашудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ барои роҳандозии минтинг дар ин шаҳр омодагӣ мебинанд. Ба гуфтаи шоҳидон тарс аз нооромӣ мақомоти Туркманистонро водор кардааст, барои саркуб намудани сардорону фаъолони тазоҳуроти эҳтимолӣ чораҳои фаврӣ бинанд. Тибқи ин чорандешӣ мақомоти Туркманистон “Қонун дар бораи тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ”-ро қабул кард, ки метавонад чун силоҳ ба зидди тазоҳургарон истифода шавад.
Мӯҳр
Эй Худо, шахри Течен не, шахри таърихии ТАЧАН аст,
Шеъри Ин хона кашанг аст, вале хонаи ман нест ёдаптон хаст, он чо мисрае хаст
Атрест, ки дар домани сахрои ТАЧАН нест....
Он дафъа низ шахри таърихии СОМИРО ро , ки дар Ирок ки исломихо гирифта буданд, шахри САМАРА гуфта будед. Сомиро, хамон Сомириро ба ёд биёред, чодугари Сомири, яъне сомирои . Ба САМАРА хеч рабте надорад.
Ягон руз Хоит-и Точикистонро ГАИТИ гуфта хабар чоп накунед, ба руси хамин хел мешавад ку. .Ягон одами ин чизхоро медонистаги ба айб мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)