Биопизишкӣ умрро то 30 сол дароз мекунад?
Фанновариҳои ҷадиди биопизишкӣ ё тибби биоложӣ имкон медиҳанд, коҳиши дучор шудан ба маргро аз бемориҳои рагҳои қалб то 23,47%, саратон то 30%, уфунати ВНМ ва бемориҳои ба он алоқаманд то 40% пешгӯйӣ шаванд. Дар ин бора вазири тандурустии Русия Вероника Сквортсова хабар додааст.
“Фанновариҳои ҷадиди биопизишкӣ имкон медиҳанд, афзоиши давомнокии умр то 30 сол пешбинӣ шавад”,-гуфтааст хонуми Сквортсова.
Гуфта мешавад, мавзӯи дароз кардани умри инсон яке аз масъалаҳои марказии биопизишкӣ дар ҷаҳон мебошад ва бо ин масъала бештар аз 170 озмоишгоҳ дар ҷаҳон тадқиқот анҷом медиҳад.
Олимон фанновариҳои ҷадиди биопизишкиро барои дароз кардани умр дар мавҷудоти дигари зинда озмоиш кардаанд, ки дар мушҳо ин таҷриба барои 2,5 дарсад дароз кардани умр ва дар кирмҳои лӯла то 10 маротиба натиҷаи мусбат додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |