5 миллион доллари Карзай ба “Ал-Қоида”
Хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон иттилоъ додаст, ки Ҳомид Карзай барои озодии сафири кишвараш дар Покистон ба “Ал-Қоида” 5 миллион доллар пардохта будааст.
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар бадали раҳоии сафири рабудашудаи кишвараш дар Покистон -- Абдухолиқ Фарроҳӣ 5 миллион доллар дода буд, навиштааст ин хабаргузорӣ. Ин ҳодиса дар моҳи октябри соли 2008, ки он замон Фарроҳӣ тоза ба ҳайси сафири Афғонистон дар Покистон таъин шуд, рух додааст. Ин сафири Афғонистон он замон аз сӯйи чанд мусаллаҳи ношинос дар Ҳаётободи шаҳри Пешовар рабуда шуд ва баъди ду сол аз чанги рабояндагон озод гардид. Расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ин дипломати афғон дар пайи як амалиёт раҳо шуд.
Давлати Афғонистон аз Покистон талаб кард, барои раҳойии ҳарчи зудтари ӯ талош кунанд. Ҳамон замон Байтуллоҳ Масъуд, ки роҳбари “Толибон”-и Покистон дониста мешуд, гуфта буд, Фарроҳиро баъди 10 рӯзи боздошт раҳо ва ба дасти истихбороти Покистон супурдаанд.
Ин ҷузъиёти раҳоии Фарроҳӣ тоза кашф шуда ва дар сархати расонаҳои Афғонистон қарор гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |