Фармони Президент дар бораи мансаби нави Р. Эмомалӣ, А.Ғоиб, А.Раҳмон ва ... (Навшуда)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 16 март, бо судури як фармон писараш – Рустами Эмомалиро, ки сардори Хадамоти гумрук буд, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин кард.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раисии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия сардори Хадамоти гумруки кишвар таъин шудааст.
Асадулло Раҳмон, ки то ин вақт раҳбарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, бо фармони президент ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба масъалаи кадрҳо таъин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Абдуҷаббор Азизиро иваз намуд, ки аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба ҳайси вакил вориди парлумон шуд. Курсии оқои Раҳмонро дар кумита Маҳмадсаид Пирзода, ки бо қарори ҳукумат аз вазифаи муовини аввали вазири фарҳанг барканор гардид, ишғол намуд.
Бо қарори ҳукумат Ибодулло Машрабов, ки раҳбарии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба уҳда дошт, ба курсии муовини аввали вазири фарҳанг нишастааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |