Ҷаҳиши қурби $ нархи барқро боло бурд: Кори “Помир Энержӣ” қонунист?
Ширкати “Помир Энержӣ” дар пайи боло рафтани қурби доллар нархи ҳар киловат барқашро бо пули сомонӣ боло бурдаст.
Ин ширкат дар пасманзари зиёд шудани шикояти сокинони вилоят аз боло рафтани маблағи барқ эълон кардааст, ки ин ба боло рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон рабт дорад. Дар муроҷиатномае, ки сомонаи маҳаллии “Импулс” аз қавли “Памир Энержӣ” нашр кардааст, аз ҷумла омадааст, ки мувофиқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержӣ», дар мувофиқа бо хадамоти зиддиинҳисории кишвар, ҳаққи як киловатт нерӯи барқ бо арзи хориҷӣ 2,75 сент барои аҳолӣ ва идораву муассисаҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ 5,16 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар гардидааст: “Муштариён бояд хуб дарк намоянд, ки ширкат аз беқурбшавии пули миллӣ нисбати арзи хориҷӣ (доллари амрикоӣ) барои ба танзим даровардани нархи ҳаққи пардохти нерӯи барқ нисбати арзи хориҷӣ тибқи шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энерҷӣ» амал менамояд. Чун қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ то андозае паст рафт, ҳаққи қувваи барқ, агарчи бо доллар бетағйир монд, вале бо сомони қадре баланд рафт”.
“Памир энержӣ” содда карда, фаҳмондааст, ки агар ба ҳолати 1 январи соли 2014, 1 доллари амрикоӣ 4,77 сомонӣ қурб дошта бошад, ба 1 январи соли 2015 1 сомонӣ нисбати 1 доллари амрикоӣ 5,31 сомонӣ арзиш дошт. Яъне агар муштарӣ соли 2014 барои як киловатт соат қувваи барқ, мутобиқ ба қурби доллар бар сомонӣ, 0.13,1 сомонӣ мепардохт, соли 2015 барои як киловатт/соат қувваи барқ 0.14,6. сомонӣ мепардозад: “Ё худ агар соли 2014, ба ҳисоби миёна дар як моҳ, барои 1000 кВт. соат муштарӣ 131 сомонӣ пардохт менамуд, соли 2015 барои ин микдор қувваи барқ 146 сомони пардохт менамояд”.
Ин ширкат таъкид мекунад, ки аз рӯи шартномаи консессионӣ «Помир Энержӣ» мебоист нархи миёнаи қувваи барқро то имрӯз 3,96 сент баланд мекард: “Вале, вазъи иҷтимоии муштариёнро ба назар гирифта, ширкат, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вазоратҳо ва хадамотҳои мамлакат, нархи қувваи барқро ба ҳисоби миёна 3,25 сенти Иёллоти Муттаҳидаи Амрико муайян гардид ва то инҷониб бетағйир мондааст”.
Ҳисобукитоби ҳаққи барк бо доллар дар Бадахшон дар ҳолест, ки қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор таъкид намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Ин ниҳоди назораткунанда илова намуда буд, ки хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо бо иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад: “Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд”.
Бонки Миллӣ афзудааст, ки дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклухту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |