Робин Орд Смит баъди Душанбе дар Қирғизистон сафир шуд
Робин Орд Смит, сафири пешини Бритониё дар Душанбе сафири нави кишвараш дар Қирғизистон таъин шудааст.
Робин Орд Смит, ки дар симмати сафир дар Бишкек Ҷудит Фарнвортро иваз мекунад, аз соли 2012 то декабри 2014 сафири Бритониё дар Тоҷикистон буд.
Номи Робин Орд Смит дар Тоҷикистон дар пайи сафараш ба Хоруғ баъди даргириҳои моҳи майи соли 2014 вирди забон шуда буд. Сафари Орд Смит ва чанде аз дипломатҳои дигар ба Бадахшон нигарониҳоеро дар миёни мақомоти Тоҷикистон ба бор овард. Онҳо бидуни ном бурдан аз ҳеч кишвар гуфтанд, ки қудратҳои хориҷӣ дар нооромиҳои Бадахшон даст доранд. Ба ин тартиб, дар пайи сафари ҷаноби Смит ба Бадахшон гуруҳе аз одамон дар назди бинои сафорати Бритониё дар Душанбе таҷаммӯъ карданд ва ба сӯи сафорат санг андохтанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, сафари Робин Орд-Смит ба Бадахшон барои он боиси хашми гуруҳи сокинон гаштааст, ки дар сар задани нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ аз хориҷиҳо гумонбар шудаанд. Худи Робин Орд Смит дар пасманзари ин ҳаводис моҳи июли соли гузашта бо нашри акси писараш дар “Твиттер” навишта буд, ки номи писарашро ба форсӣ-Манучеҳр гузоштааст ва онро як нишони эҳтиром арзёбӣ намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |