Парвандаи соҳибкору харидор барои савдои мошин бо $
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як соҳибкору як харидор дар бозори “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки мошинро бо доллар хариду фурӯш мекардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, алайҳи боздоштшудагон ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. Мақомоти пулис мегӯяд, 15-уми март муайян шуд, ки Баротов Мирҳомид, соҳибкори 31-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Сатторов Фарҳод, сокини 22-солаи шаҳри Норак мошинро бо доллар фурӯхтааст, на бо пули миллӣ, ки ин ғайриқонунӣ мебошад: “Аз ҷумла Сатторов барои 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” бо соҳибкор Баротов бо нархи 4000-доллари амрикоӣ созиш карда, ба охирон 3000-доллари амрикоӣ ва 65000-рубли Федератсияи Россия додааст”.
Манбаъ мегӯяд, тафтиши парванда аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон Бонки Миллии Тоҷикистон бо такя ба қонунгузории кишвар дар бораи асъор эълон намуда буд, ки харидуфурӯши молу хизматрасонӣ бо доллар ва дигар асъор дар кишвар, ки феълан васеъ паҳн шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва даъват намудааст, ки ин амалиёт бо пули сомонӣ роҳандозӣ шаванд.
Тибқи иттилоияи Бонки Миллӣ нархгузории амволи гаронарзиш, аз қабили хонаю мошинҳо бо сомонӣ наметавонад омили баландшавии нархҳо ва сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ бошад: “Барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ бе иҷозати махсус дар қаламрави ҷумҳурӣ қонунвайронкунии маҳз буда, бояд аз ҷониби тамоми мақомоти ваколатдор қатъиян манъ ва пешгирӣ карда шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |