Мулоқоти Путин бо Отамбоев баъди овозаҳо дар бораи “ғайб задан”-и ӯ
Интизор меравад, имрӯз, 16 март Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои қирғизаш -- Алмосбек Отамбоев дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намояд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба суханони дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, “дар мулоқот раҳбарони Русияву Қирғизистон масоили тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва фарҳангу энергетикаро баррасӣ хоҳанд кард”.
Пайвастшавии Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ яке аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот хоҳад буд.
Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран расонаҳо бо такя ба ҳозир нашудани Владимир Путин дар мазҳари омм тайи чанд рӯзи ахир фарзияҳоеро матраҳ кардан, ки бемории шадид яке аз асоситаринҳо маҳсуб меёфт. Овозаҳои ғайб задани Путин замоне "гарму доғ" шуд, ки сафараш ба Қазоқистон лағв гардид. Дар доираи ин сафар мебоист президенти Русия бо ҳамтоҳои қазоқу беларусаш -- Нурсултон Назарбоеву Аляксандр Лукашенка дидору гуфтугӯ мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |