“ХТ”: “Иштиҳо”-и наздикони президент соҳибкорони туркманро ба хориҷ мегурезонад
“Хроника Туркменистана” аз қасди тарки Туркманистон кардани теъдоди ҳар чи бештари соҳибкорон хабар додааст.
Ин торнамо менависад, аллакай аз аввали моҳи марти соли равон шаш нафар аз тоҷирони муваффақ Туркманистонро ба қасди зиндагӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар давлатҳои хориҷ тарк кардаанд. Аксари ин тоҷирони туркман дар суҳбат бо ин расона далели аз Ватан рафтани худро “иштиҳо”-и ҳар соатии пайвандон ва наздикони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон арзёбӣ кардаанд.
“Хроника Туркменистана” навиштааст, ин шаш нафар тоҷироне мебошанд, ки расона дар бораи ному насаб ва макони рафтаи онҳо маълумот ҷамъоварӣ кардааст: “Теъдоди умумии тоҷирони аз кишваррафта шояд даҳҳо маротиба аз ин нишондод бештар бошад”.
Яке аз тоҷирони туркман, ки ҳоло қасди берун рафтан аз Туркманистонро дорад, дар суҳбат бо ин расона гуфтааст, “то имрӯз аз хешу табори президент бо додани инъом ё маблағе раҳо мешудем, вале иштиҳоии онҳо ҳар рӯз не, ҳар соат баланд шуда истодааст. Дар ҳоле ки ҳоло дар кишвар фишор аз сӯи мақомоти андоз болои соҳибкорон рӯзафзун шудааст. Бо иҷрои қонун ва фармонҳои шифоҳӣ рӯз аз рӯз дар фаъолияти корӣ хисорот зиёд мешавад ва бо ин ҳол метавон аз умеди кадом як пешравие дар Туркманистон чашм пӯшид”.
Ба гуфтаи ин тоҷир, ки ба делели гурез аз таъқибу фишор номаш пинҳон мемонад, ӯ то ҳол бар асоси ин “қавоид”-и ҷоринамудаи наздикони Бердимуҳаммадов ба кори худ идома додааст, вале тақдири ҳамкасбону ҳамкоронаш ӯро водор сохтаанд, то фикри берун рафтан аз Ватанро кунад: “Тасмим гирифтам, бо додани инъому маблағ кори худро пеш барам, вале тақдири тоҷироне, ки бо ин роҳ то имрӯз омаданду ахиран боз пушти панҷара рафтанд, маро нигарон кардааст ва ман низ намехоҳам, дигар дар ин шароит таваккул кунам. Чун он рафиқони зиндонии ман ҳам инъом ё ба қавле “доля” медоданд”.
Ин соҳибкорӣ туркман меафзояд, бо поён ёфтани соли хониш ҳатман Туркманистонро ба қасди зиндагӣ ва кор дар Имороти Муттаҳидаи Араб тарк хоҳад кард.[center][/center]
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |