Бахшҳо
14 мар 2015 12:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Убайдуллоев ба баргузории “Рақси Ғалаба” иҷоза дод

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе ба дархости иҷозаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия барои баргузории консерте бахшида ба 70-умин Рӯзи ғалаб ҷавоби мусбат додааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар қарори Убайдуллоев, аз ҷумла омадааст, “ба Донишгоҳи славянӣ барои баргузории барномаи консертӣ ва иқдоми синхронӣ - байналмилалии “Рақси Ғалаба” иҷоза дода шавад.”

Инчунин шаҳрдории пойтахт ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе”, шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Телевизиони пойтахт” дастур додааст, то дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

Интизор меравад, ин консерти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия рӯзи 9 майи соли равон дар Майдони “800 - солагии Москва”-и пойтахт аз соати 16:00 то 19:00 баргузор шавад. Убайдуллоев ҳамзамон Раёсати умури дохилӣ ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанберо муваззаф кардааст, барои амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойи баргузории ин чорабинӣ чораҳои лозимӣ андешанд.

Рӯзи 9-уми май дар Тоҷикистон ҳамасола, чун дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, Рӯзи ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ҷашн гирифта мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)