ВИДЕО: Бо як SMS як дарахт “биншонед”
Дар шаҳри Душанбе иқдоми “Як SMS -- як дарахт” роҳандозӣ шудааст.
Мубтакирони ин иқдом имрӯз, 14 март бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ гуфтанд, ҳадафи онҳо "сабз" кардани шаҳрҳои Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти экологӣ мебошад. Ҷаъфар Асимов, намояндаи ширкати “Вавилон” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳар нафар метавонад дар ин маърака иштирок кунад: “Муштариёни ширкатҳои мобилии “Tcell”, “Beeline”, “Babilon” ва “MегаФон” метавонанд бо ирсоли СМС иштирокчии аксияи мо бошанд. Танҳо лозим аст, ки СМС-ро бо матни “nihol” ба рақами “5150” (арзишаш 5 сомонӣ) равон кунанд. Дар ҷавоб ба онҳо СМС меояд, ки навишта шудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад”.
Мубтакирони иқдом мегӯянд, бо маблағҳои гирдовардашуда ниҳол харидорӣ гардида, дар нуқтаҳои гуногуни кишвар нишонда хоҳад шуд: “Дар дарахтони шинондашуда рақами СМС-ҳои ирсолшуда ишора мешавад ва акси онҳо дар сомонаи “nihol.tj” нашр мегардад, то шаҳрвандон бубинанд, ки дар шинонидани кадом навъи ниҳол саҳм гузоштаанд”.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Барномаи рушди СММ, Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва ташкилоти “Зервана” роҳандозӣ мегардад. Мадиброн Саидов, раҳбари Муассисаи давлатии Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангал дар нишасти мазкур шинонидани ниҳолу дарахтро барои ҳар фард “ҳам қарзу ҳам фарз” дониста, афзуд: “Шаҳрвандон бо иштирок дар ин чорабинӣ барои ояндаи сабзи фарзандонашон саҳм хоҳанд гузошт”.
Ӯ мегӯяд, Агентии хоҷагии ҷангал ҳамасола ҳудуди 3 миллион ниҳол парвариш карда, то 1,5 миллиони онро ба фурӯш мебарорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |