Дар ҷараёни боздиди худ аз Уляновск, сафири Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла А. Якунин – муовини якуми раиси ҳукумати вилояти Уляновск, Б. Зотов – раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Уляновск, А. Алексахин – сардори раёсати Хадамоти федеролӣ оид ба муҳоҷирати вилояти Уляновск ва Т. Зайналобуддинов – раиси Созмони ҷамъиятии минтақавии тоҷикони вилояти Уляновск, инчунин намояндагони тоҷикистониёни муқими вилояти Уляновск дидору гуфтушунидҳо анҷом дод. Ҳамватанон ба сафири Тоҷикистон аз кору зиндагии худ, фаъолияти созмони тоҷикони вилоят, муносибату равобити хуб бо мақомоти расмии вилоят ва мардуми маҳаллӣ ва масъалаҳои гуногун ҳикоят карданд. Донишҷӯёни тоҷик аз рафти таҳсилу паҳлӯҳои ҳаёти донишҷӯӣ дар ш. Уляновск, саъю талош ба хониши намунавӣ сухан ронда, омодагии худро ба бозгашт ба Тоҷикистону идомаи кору хидмати арзанда ба халқу ватани хеш изҳор доштанд.
Манбаъ афзуд, Достиев аснои муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик, аз аҳамияти таҳсилшон дар хориҷа, аз ҷумла дар Русия, умеду орзуи падару модар, аҳли хонадон ва умуман, ҷомеаи тоҷику тоҷикистонӣ ҷиҳати омодагӣ ба кору зиндагӣ ва хидмати шоистаашон ба Тоҷикистони азиз, ёдовар шуд.Ҷаноби Якунин аз номи роҳбарияти вилоят изҳор дошт, ки он ҷониб омодааст, дар асоси пешниҳоди сафорат, пайи баррасӣ ва роҳандозии ҳамкории мушаххас бо шаҳр ё вилояти алоҳидаи Тоҷикистон гардад. Ба ин мақсад ва ҳам муайян кардани соҳаҳои зарурии ҳамкорӣ, ӯ, қабл аз ҳама, ташкили сафари ҳайъатҳои ду ҷонибро ба он шаҳру вилоят мувофиқи мақсад донист. Гузашта аз ин, сафири Тоҷикистон дар бораи баъзе мушкилоти ҳамватанон дар вилоят сӯҳбат карда, бахусус аз масъалаи таъмини донишҷӯёни тоҷик бо хобгоҳ ва имкони ҷудо карда шудани утоқи корӣ ба Созмони ҷамъиятии тоҷикони вилоят ёдрас шуд. А. Якунин посух дод, ки масъалаҳои мазкур дар наздиктарин мӯҳлат ба таври мусбат ҳаллу фасл хоҳанд гардид.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |