Ҳавзаи якмандатаи “Хоруғ”, 41 дар интихоботи якуми март аз ҳавзаҳои доғ ба ҳисоб мерафт ва бештари коршиносон бар ин буданд, шояд Алим Шерзамонов, яке аз пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ва раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар ин вилоят пирӯз шавад. Аммо натиҷаҳои эълоншуда нишон дод, ки Шерзамонов ҳамагӣ 17 дарсад раъй гирфтааст. Коршиносон бо ишора ба амалиёти ҳукумат дар июли соли 2012 дар пайи қатли сардори Раёсати Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар Бадхшон -- Абдулло Назаров ва ҳодисаҳои моҳи майи соли 2014 ва ба дунбол муколамаи ҳукумат бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Алим Шерзамонов эълон кард, ҷониби мардумро роҳбарӣ менамояд, тарафдорони ӯ дар ин ҳавза бештаранд. Шерзамонов баъди интихобот дар як суҳбати кӯтоҳ гуфт, дар ин рақобат натавонист баранда шавад. Хонадаҳои зиёди “Озодагон” суол мекарданд, чаро Шерзамонов сабабҳои бохташро дар ин интихобот шарҳ надод? Хабарнигори "Озодагон" бо чанд суол ба оқои Шерзамонов муроҷиат намуд, ки ҳоло пешниҳоди Шумо мегардад.
Озодагон: Ҷаноби Шерзамонов чун ҳавзаи Шумо як ҳавзаи доғ номбурда мешуд, таваҷҷуҳи бештареро ҳам ҷалб карда буд. Аммо интихобот гузашту Шумо хомӯш ҳастед. Оё воқеан Шумо ин сабқатро бохтед ва ба таври демократӣ шикаст хурдед?
Алим Шерзамонов: “Не, албата. Агар ин интихобот мебуд, ман шояд шикаст мехӯрдам ё пирӯз мегаштам, вале ин интихобот набуд. Ин як маъракаи тарҳрезишуда буд. Вале мо бояд бидонем, ки ин дафъа мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Бадахшон аз воситаҳое дигаре истифода бурд, ки мо омода набудем”.
Озодагон: Кадом воситаҳо?
Алим Шерзамонов: “Аввалан ин ки дар тӯли 2 моҳ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар деҳот ҳеч коре ба ҷуз фишороварӣ болои мардум накарда будааст. Фишор ба ин маъно, ки ба номзадҳои ҳизби ҳоким агар овоз надиҳед, муносибатамон бо шумо тағйир меёбад. Яъне, бо интихобкунадаҳо аз василаҳои нодурусти фишор ва ҳатто шантаж истифода бурдаанд. Мо ҳарчанд бо интихобкунадаҳо вохӯрӣ мегузарондем ҳам натиҷа намедод. Бубинед, яке аз василаҳо ин аст, ки ҳар номзад дар миёни интихобкунандаҳо ҷонибдори худро дорад ва ӯ метавонад нафарони дигарро ба ҷонибдории номзади мавриди алоқааш ҷалб намояд. Аммо дар деҳот касе, ки дар мавриди интихобот гап мезадааст мавриди фишори сахт қарор мегирифтааст. Мо мушоҳида ва кашф кардем, ки дар деҳот дар бораи интихобот қариб сухане набудааст. Боз як аҷобати кор ин аст, ки дар натиҷаи ҳисоб кардани овозҳо чунин ба назар мерасад, ки аз ҳама бесавод дар Бадахшон сокинони шаҳри Хоруғ будаанд, чун тарзи нави овоздиҳиро нафаҳмидаанду бисёре аз баргаҳои райъ беэътибор шудаанд. Яъне, ба ин маъно, ки дар баъзе мавридҳо ба ҷойи ҷамъ аломатҳои дигар гузоштаанду ва ҳанӯз ҳам хат мезадаанд. Вале ҷолибияти кор дар ин ки дар деҳот аз ҷавонон то калонсолон чунон хушрӯй аломати ҷамъ гузоштаанд, ки гӯё дар ин масъала семенар гузашта бошанд. Ва аз ҳама ҷолибаш ин ки дар ҷойе, ки зарур будааст дар ҳамон ҷой гузоштаанд. Ҳоло он ки Хоруғ шаҳр асту шаҳр ҳамеша аз деҳот пешсафӣ дошт.
Дигар чизе, ки ба назари мо дар деҳот тақаллуб буд, дар участкаҳое, ки ҳудуди 300-400 интихобкунанда доштанд гӯё наздики 50-130 нафар ба интихобот ҳозир нашудаанд. Аммо ман ба ин чиз розӣ шуда наметавонам ва ягона коре, ки мардум дар ин рӯз дошт, рафтану райъ додан буд. Чун дар ин зимистони Бадхшон мардум тақрибан дигар коре надоранд. Ман мутмаинам, ки бештар аз 90 дар сад ба интихобот омаданд, лекин рӯйхатҳо ба назарам аз будаш бештар нишон дода шуда буд. Масалан, дар яке аз қитъаҳо, ки худам ҳамчун нозир иштирок доштам то соати 16:00 қариб 130 одам наомада буд, вале дар муддати кӯтоҳ гуруҳ-гуруҳ одамон омадан гирифтанду овоз доданд. Аз нигоҳи ман, ки мардумро нағз намешинохтам онҳо (муттасадиёни интихобот) мардумро такроран меоварданду ба тарафдории одами даркорӣ овоз медоданд.
Дар деҳот тақалуби аз ҳама густурда овоздиҳии такрорӣ буд, яъне як нафар ду се бор омада овоз медод. Гапи асосӣ ин аст, ки тайи ду моҳ бо мардум кор кардаанд ва фаҳмондаанд, ки ба кадом одамро бояд райъ дод. Ба мардум гуфтаанд, ки дар блютени ҳизбҳо аз поён дуввумро овоз медиҳед ва аз рӯйхати нозадҳо ба Маҷлиси намояндагон ҳам ҷойи даркориро бисёр хушрӯй ба мардум фаҳмондаанд”.
Озодагон: Дар мавриде, ки аз тақаллубҳои зиёд суҳбат мекунед, оё тавонистед, чунин мавридҳоро бо санад асоснок намоед ва ба ниҳодҳои зарурӣ муроҷиат кунед. Ва дақиқтараш чаро ба КМИР, суд ё ниҳодҳои дигар муроҷеъ нашудед?
Алим Шерзамонов: “Ба судҳо мо зарур нашумурдем, ки муроҷиат кунем. Модоме, ки тамоми мақомот бевосита дар тақаллуб даст доштанд боз чаро муроҷиат кунем? Нозирони мо аз ин мавридҳо санад тартиб дода ба ҳавза ирсол карданд, аммо бояд бигӯям, ки ҳавза аз раванди интихобот худро комилан дар канор гирифта буд. Интихоботро ҳавзаҳои шаҳру ноҳияву вилоят пурра ҷамъбаст намуданду рисолатро ба дӯш доштанд. Мисли интихоботҳои пештара. Он протоколу санадҳое, ки мо ба онҳо додем ягон қувва пайдо накарданд”.
Озодагон: Бо вуҷуди ҳамин қадар фишору тақаллубе, ки Шумо мегӯед, фикр мекунед, чанд дар сад раъй гирифтед ва КМИР теъдоди раъйи Шуморо чӣ қадар эълон намуд?
Алим Шерзамонов: “Агар ҳама чизро сарфи назар кунем, танҳо дар шаҳри Хоруғ интихобот гузашту тамом. Дар дигар минтақаҳо интихобот набуд, балки як интихоботи тарҳрезишуда буд. Агар бовар кунем, ки мардум ба дили худ овоз дод, пас ба гуфти нозирони созмони ИДМ тақаллубҳо ба натиҷаи интихобот таъсири калон нарасонданд.
Раъйи маро КМИР 17 дарсад ҳисоб намуд. Агар ҳамин фишору тақаллуб намебуд, ман миқдори кофии ҷонибдоронро дар тамоми қаламрави ҳавза доштам. Мутаассифона мардумро нагузоштанд, ки худашон интихоб кунанд. Ҳатто зимни яке аз вохӯриҳо яке аз муттасаддиёни интихобот баъди баромади ман хеста гуфт, ки анна барнома доред, номзадҳоро мешиносед, худатон дар кобинаи овоздиҳӣ медароеду касеро хоҳед интихоб мекунед, лекин ба дигарон гап назанед, дигаронро роҳбарӣ нанамоед. Ман хестаму эрод гирифтам, ки шумо на танҳо ҳуқуқ доред, балки вазифаи шаҳрвандиятон ҳамин аст, ки шахсеро, ки ҷонибдорӣ мекунед ба тарафдорияш метавонед дар тамоми минтақа ташвиқот баред. Фишори мақомот ба дараҷае буд, ки шахсе, ки дар расонаҳо, дар интернет хондаасту моҳияти интихоботро фаҳмида буд, барои ба дигарон гуфтани фикри худ тарс дошт, меҳаросид”.
Озодагон: Коршиносон таҳлил мекарданд, ки Шумо шояд иҷборан пирӯз шавед. Мардуми ҳавза ҳам ин фикрро доштанд. Худи Шумо чӣ? Ба пирӯзӣ эътимод доштед?
Алим Шерзамонов: “Мо ҳам боварӣ доштем, ки имкон намедиҳанд, то ин дараҷа фасодкорӣ бо раъйи мардум шавад. Вале баъди эълони натиҷаи умумии интихобот, ки дидем ҳатто Ҳизби наҳзат ва Ҳизби коммунистро ба порлумон роҳ надоданд, иловатан боварӣ ҳосил карадам, ки нақшаи тарҳрезишуда буд, ки дар натиҷа чӣ номзади якмандатаи ҳукуматӣ -- А. Фелалиев ва чӣ ҳизбашон дар ҳавзаи 41 ҳамон овозеро гирифтанд, ки КМИР барои ҲХДТ дар тамоми кишвар эълон кард. Ин нишон медиҳад, ки миқдори фоизҳо пеш аз интихобот тақсим шуда будааст. Навобаста аз мубориза ва талоши мо ҳамин дарсадиро инҳо медоданд ба номзади худ”.
Озодагон: Бо ин нокмӣ, фишорҳое, ки мегӯед ва заиф кардани тарафдорони Шумо, тасмиматон чист? Фаъолият ва муборизаи сиёсиро идома медиҳед ё?
Алим Шерзамонов: “Албатта, муборизаи сиёсиро идома медиҳам. Ва он бархӯрде, ки имрӯз ҳукумат нишон дода истодааст, чунин ба назар мерасад, ки ҳамин ҳукумате, ки мо дорем омода нест ба таври қонунӣ ҳокимиятро тақсим кунад”.