Бахшҳо
13 мар 2015 19:51Ҳуқуқи инсон

200 таҳдид ба як ҳамноми Сулаймон Қаюмов

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Сулаймон Қаюмов, сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз он ки хабарҳо дар бораи боздошти як ҳамному насаби ӯ дар робита ба қатли Умаралӣ Қувватов дар расонаҳо пайдо шуд, дар саҳифаи "Одноклассники"-яш ҳудуди 200 паёми таҳдидомез дарёфт карда, якбора 500 нафар ба саҳифаи ӯ "меҳмон" шудаанд.


Ин сокини 33-солаи шаҳри Кӯлоб гуфт, шояд тасодуф буд ва ё шояд бо "роҳнамоӣ"-и касе ин афрод ба саҳифаи ӯ роҳ ёфта, ҳатто бо марг таҳдидаш кардаанд. Аммо мусоҳиби мо мегӯяд,"ман Қаюмов Сулаймон Бобоевич ҳастам. 33-солаам. Бо он Сулаймон Қаюмове, ки гӯиё боздошт шудааст, фақат ҳамному ҳамнасабем."



Ӯ субҳи 7 март бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда гуфт, як овозхон асту дар идораи фарҳанги шаҳри Кӯлоб кор мекунад ва аслан бо қазияҳои сиёсӣ сари коре надорад. Ҷаноби Қаюмов афзуд, ирсоли паёмҳо дар саҳифаи "Одноклассники"-яш бегоҳи 6 март сар шуда, танҳо баъд аз иваз намудани акси аввал ва номи саҳифааш қатъ гардидааст. "То соати 12-и шаб машғули номанависӣ будам. Тасаввур кунед, қариб 200 нома омад," - нақл мекунад Сулаймон Қаюмов аз Кӯлоб. Мусоҳиби мо дар идома гуфт, баъзе аз номанависон аз ӯ дар бораи чигунагии куштор ва ҷуръаташ пурсидаанд.
"Баъзеи дигарашон дашном доданд. Ҳатто таҳдид карданд. Ҳайрон будам. Як ҳолати ғайриинтизор ва ногувор. Пеши обро гирифта мешавад, даҳони мардумро - не. Ба баъзеяш ҷавоб навиштам, дарк карданду маро ба ҳолам гузоштанд. Аммо баъзеяш аслан фаҳмидан намехостанд ва гумон доштанд, воқеан қотил ман ҳастам," - гуфт Сулаймон Қаюмов.

Мусоҳиби мо мегӯяд, танҳо баъд аз он ки номи саҳифаашро аз Сулаймон Қаюмов ба "студия" табдил дод, мавҷи номаҳо қатъ ва асабҳои ӯ низ ором шудаанд. Вай афзуд, ин бори аввал буд, ки дар чунин ҳолат афтодааст ва бисёр нигарон буд, ки бо ӯ чӣ хоҳанд кард.

Бародари С.Қаюмов: Cулаймон гуноҳ надорад

Раҳмон Қаюмов, бародари нафаре ки дар Туркия ба ташкили куштори Умаралӣ Қувватов айбдор мешавад, мегӯяд, ба ин бовар надорад.

Раҳмон Қаюмов, бародари 24-солаи Сулаймон Қаюмов, нафаре ки дар Туркия ба даст доштан дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24" айбдор мешавад, рӯзи 9 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бародари ӯ аз ягон кас қарздор набуд ва барои тиҷорат ба Туркия рафта буд. Ӯ мегӯяд, Сулаймон Қаюмов дар ноҳияи Восеъ ба тиҷорати маҳсулоти хӯрока машғул буд ва барои пур кардани мағозаи хӯрокааш бо маҳсулоти нав ба Туркия рафта буд.

Раҳмон Қаюмов, ки худаш ҳам соҳибкор будааст, мегӯяд, Сулаймон Қаюмов бо Умаралӣ Қувватов дар гузашта ягон иртибот надошт ва наметавонист дар қатли ӯ ба гунае ширкат кунад. Ӯ хабарҳои расонаҳои Туркия дар бораи гӯё ҳамроҳ бо зану кӯдакаш ва ҳанӯз соле пеш ба Туркия рафтани Сулаймон Қаюмов ва гӯё як сол дар кадом як масҷид ба сар бурдани онҳоро рад кард ва гуфт, Сулаймон Қаюмов ҳамагӣ 3 моҳ пеш ба Туркия рафта буд ва зану кӯдаконаш дар ҳамин ҷо дар ноҳияи Восеъ мебошанд ва ба Туркия нарафтаанд.



Сулаймон Қаюмов, ба гуфтаи бародараш, як писару як духтар дорад. Рӯзи 7 март Гулрухсор Қаюмова – хоҳари Сулаймон дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, бародараш солҳои охир дар Русия кор мекард ва дар дохили Тоҷикистон низ тиҷорати хурд дошт. Гулрухсор афзуд, Сулаймон Қаюмов як сол пеш аз Русия ба зодгоҳаш омада, дубора ба он ҷо баргаштааст: “Мо фақат аз ин хабардор будем, ки гӯиё барои харидории кадом таҷҳизоте, ки обро сард нигоҳ медорад ва дар тобистон зарур аст, ба Туркия рафтааст. Вале намедонем, кай ва чигуна ба он ҷо рафтааст.”
Аммо Алишер Неъматов, сардори раёсати умури дохилии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон гуфт, Сулаймон Қаюмов дар ин ноҳия ба ягон тиҷорат машғул набуд. “Дар ин ҷо ягон бизнес надошт,” - таъкид кард ӯ.

Номи Сулаймон Қаюмов, сокини 30-солаи ноҳияи Восеъ 4 рӯз пеш, дар пайи кушта шудани Умаралӣ Қувватов, яе аз раҳбарони мухолифин дар шаҳри Истамбули Туркия расонаӣ шуд. Матбуоти Туркия мегӯяд, бахши зиддитеррори пулиси Истамбул се нафар, аз ҷумла нафаре бо номи Сулаймонро бо гумони даст доштан дар қатли Қувватов дастгир кардааст. Ин манобеъ Сулаймонро "ташкилкунанда"-и сӯъиқасд ба ҷони Қувватов ном мебаранд.
Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март вақте кушта шуд, ки баъди бад шудани вазъи ӯву аҳли хонаводааш аз манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истамбул берун меомад, ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов баъдан ба Озодӣ гуфт, онҳо ҳанӯз дар манзили Қаюмов ҳангоми нӯшидани шарбатҳо ва хӯрдани таом худро бад ҳис карданд ва ба хотири рафтан ба хона ва даъват кардани "Ёрии таъҷилӣ" зуд аз ин меҳмонӣ хестанд. Вале дар кӯча, вақте муҳофизи Қувватов барои овардани такси рафт, як нафари силоҳбадаст ба сари раҳбари "Гурӯҳи 24" тир зад ва ӯ дар ҷои ҳодиса кушта шуд.

Умаралӣ Қувватов, соҳибкори дар гузашта муваффақест, ки дар соли 2012 тарки Тоҷикистон кард ва дар хориҷ "Гурӯҳи 24"-ро созмон дод. Ӯ ба шиддат аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард ва наздикони вайро ба ғасби тиҷоратҳояш айбдор мехонд. Мақомоти Тоҷикистон ба навбати худ алайҳи Қувватов чанд парвандаи ҷиноӣ кушода, ӯро ба қаллобӣ ва ғасби амволи дигарон айбдор мекарданд. Аммо бо вуҷуди боздошти Қувватов дар соли 2013 дар Дубай ва дар декабри соли 2014 дар Истамбул, Душанбе натавонист ба истирдоди ӯ ноил шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)