Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран баррасии ду лоиҳаи қатъномаро дар мавриди Сурия ба анҷом расонид.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, тарҳи аввал, ки аз ҷониби Британияи Кабир, Фаронса ва Олмону Португалия бо пуштибонии ИМА омода шудааст, ҷорӣ кардани таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи райисҷумҳури ин кишвар Башор Асад ва ҳукумати ӯ дар сурати қатъ накардани амалиётҳои низомӣ бар зидди сокинони осоишта ишора шудааст. Лоиҳаи дуввум, ки аз сӯи сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин пешниҳод гардидааст, фишору тазйиқ аз сӯи ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифини режими Башор Асад маҳкум шуда, дар бораи таҳримҳо чизе гуфта нашудааст.
Хабаргузориҳо ҳамчунин менависанд, ду узви комилҳуқуқи ША СММ-Русия ва Чин ва кишварҳои дигар- Бразилия, Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурия мухолифанд. Гуфтанист, шурӯъ аз аввали намоишҳои эътирозӣ дар Сурия то ин замон беш аз 2750 нафар сокинони ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр