Ҳамдардии Вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Русия ба оилаи тоҷикони ҳалокшуда дар Қазон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар робита ба ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик, ки дар пайи сӯхтори маркази савдои “Адмирал”-и шаҳри Қазон ба ҳалокат расидаанд, ба пайвандони қурбониён ҳамдардӣ баён кардааст.
Дар ин изҳороти ВУХ, ки торнамои расмии ин ниҳод нашр кард, аз ҷумла омадааст, “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хабари ғамангези ҳалокати шаҳрвандони кишвари худ дар натиҷаи сӯхтори маркази савдои “Адмирал”-и шаҳри Қазон, ки 11 марти соли 2015 ба амал омад, ба оилаҳо ба наздикони ҳалокатшудагон ҳамдардӣ изҳор менамояд”.
Масъулини Вазорати умури хориҷӣ таъкид кардаанд, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия ба расонидани кӯмаки зарурӣ ба наздикони фавтидагон ҷалб шудаанд. Аз ин пеш, масъулини Вазорати умури хориҷии Русия низ дар як тамоси телефонӣ ба кормандони сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хоҳиш кардаанд, ҳамдардии онҳоро ба пайвандони қурбониён бирасонанд. “Вазорати умури хориҷии Русия омодааст дар робита ба ин қазия ҳар кӯмаке ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва наздикони қурбониён лозим шавад, бирасонад”,- гуфтаанд масъулини ВУД-и Русия.
Дар сӯхтори маркази савдои “Адмирал”-и шаҳри Қазони ҷумҳурии мухтори Тотористон дар рӯзи 11 март шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони фавтидаи кишвар Ҳомидов Шокир Ҳомидович, Қосимҷон Аъзамхоҷаевич Тӯраев, санаи таваллудаш 15.06.1971, аз ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳикматулли Ҳайтуллохон, санаи таваллудаш 26.02.1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳматуллоевич Риёев, соли таваллудаш 04.11.1984 аз ноҳияи Ёвон, Алишер Азизович Давронов, соли таваллудаш 08.11.1996 ва Асадулло, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе ном бурдааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |