Имзои протокол барои таъмини сокинони Панҷ бо оби нӯшокӣ
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Киёши Ишиӣ, раҳбари намояндагии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ рӯзи 13 дар Душанбе баргузор шуда, масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва лоиҳаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шудаанд.
Инчунин ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои об ва беҳдошт ва инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки аз 9 то 11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мешавад, табодули назар шудааст.
Дар ҳошияи мулоқот Протоколи марбут ба татбиқи лоиҳаи “Бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳоли ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” ба имзо расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |