Тағйироти кадрӣ дар "МегаФон Тоҷикистон": Денис Никитин сарвари иҷроия шуд
Ширкати “МегаФон” аз тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарияш дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Тавре аз ин ширкат ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Денис Никитин сарвари иҷроияи ҶСП “ТТ мобайл” таъин шудааст.
Андрей Шишковский, ки қаблан ин симматро дар ихтиёр дошт, дар курсии раҳбари молии намояндаи “МегаФон” дар Урал хоҳад нишаст: “Аммо фаъолияташро дар ҳайати Шӯрои директорони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” идома медиҳад”.
Ба иттилои манбаъ, Денис Никитин аз соли 2004 ба ин сӯ дар ширкати “МегаФон” кор мекунад. Соли 2012 директори фаннии ҶСП “ТТ мобайл” ва соли 2013 раҳбари бахши инфрасохтори ширкати “МегаФон” дар Тоҷикистон таъин шудааст.
Иван Таврин, сарвари кулли “МегаФон” дар пайи таъин шудани Никитин ба мақоми сарвари иҷроияи ҶСП “ТТ мобайл” гуфтааст, умедвор аст, таҷрибаи хуби раҳбарии ӯ барои мустаҳкамтар шудани мавқеи “МегаФон” дар бозори алоқаи Тоҷикистон кӯмак мерасонад: “Роҳандозии муассири стратегияи ширкат, ки барои рушди алоқаи муътамад ва босифат барои мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст, яке аз вазифаҳои асосии раҳбари нав хоҳад буд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |