Бахшҳо

Интиқоди ноиби муфтӣ аз шеваи сатрпӯшии занони тоҷик

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз шеваи сатрпӯшӣ ва тақлидкории бархе аз ҷавонписарону занони тоҷик нигаронӣ карда, аз онҳо хост, ба ин кори худ хотима бахшанд.

Ин руҳонии тоҷик рӯзи 13 март дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “бархе аз духтарону занони мо сатр мекунанду боз ба рӯи худ рангу бори зиёд менамоянад, ки ин сатр маъно надорад”.

Муовини раиси Шӯрои уламо аз духтарон ва занони тоҷик даъват кард, ба пӯшидани либосҳои миллӣ рӯй оранду аз ба бар кардани либосҳое, ки таърихи онҳоро намедонанд, худдорӣ варзанд: “Занони мову шумо, ки корҳои хоҷагидорӣ аз қабили пухту паз мекунанд, бояд либоси кушод пӯшанд. Либосҳои сиёҳ ба бар мекунанд, ки аслан ранги сиёҳро дар азодорӣ мепӯшанд. Модарону хоҳарони гузаштагони мо либоси миллӣ доштанд, либосҳои кушоду остиндароз...”.

Ӯ дар идома аз падару модарон низ даъват кард, ки ба тарзи либоспӯшии фарзандони худ аҳамият диҳанду вақти харидорӣ низ бодиққат бошанд: “Инчунин иддае аз ҷавонони мо шимҳои тангеро ба истилоҳ сигарет ба бар мекунанд, ки вақти намоз хондану хаму рост шудан, баданҳояшон намоён мешавад”.

Ин суханҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуда буд: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.
Мӯҳр
Қаррррр
Мегуянд зоғ хостааст аз як паррадани дигар пайравӣ карда роҳравиашро дигар кунад роҳравии худашро фаромӯш кардааст. Муовини муфтӣ! Фиреби сиёсатмадорҳоро нахур ки дар зиндагӣ шикасти сахт мехурӣ ва охирататро барбод медиҳӣ. Касоне ки масъалаи пушишу сатрро ба баҳс кашида истодаанд ҳадафашон чизи дигар аст, вазъияти бади иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ беҳузурашон кардааст

аб дулоҳ
Мебахшед ту муло набудай Агар қурон карима хонда метонисти мефаҳ миди ки ҳичоб чист Аллоҳ дар сураи нур ва сураи аҳзоб дарбораи ҳиҷоб барои мо амр кардаст

Точикам
Мо бо шумоем Президенти мухтарам! Биёед арабпарастиро решакан мекунем

асалом чаноби ноиби муфти башумо савол дорам шумо да бораи либоси мили харф мезанед ойо мини юпка либоси мили хай?ки имрузхо бевай да мактабхои мийона рохдода намешавад?

либоси сийох либоси хоси арабхо нест занои пайомбари ислом хазрати мухаммад (с)либоси сийо мепушидан агар мо пайрави хамон пацомбар бошем бойад либоси сийо пушем.

сино
Ягон нафар ягон маротиб сухане барои фоидаи миллат нагуфт.О ба ту маъқул нест ҳамон авлоду хешу табори худатро манъ кун.Сатр аз тоҷикон набошад пас, "костюм ва брюк галстук " ҳам аз мо нест пас шумо ҳам ҷомаву кафши бобоиро пушед.

110
Салом. Шумо мусулмон бошен, суни бошен бояд либоси пайёмбар ва хонадони уро баро ичрои суннати у ва раиси мазхаб Абуханифа пайрави кунед.

Мусулмонони дунë Точикистони азизи моро аз руи Исломи мукаддас мешиносанд ки куллаш мусулмон аст. Окибаташ хуб нест. Бехтараш дискатекахову клубхои шабонаро манъ кунеду чойхои кори мухаë кунед мардум кор кунанд. Хуб мешуд милитсия редхои шабона мегузаронид зидди зинокорону занхои букаталаб .

л
Биёед бародарон ба маъсалахое кордор шавем ки ба халки точик фоидаовар бошад, имруз дар чахон Бухрони иктисоди рафта истода аст дар Точикистон хам инчунин дар ин маъсалахо ягон Мутахасисе пайдо намешавад ки ин маъсаларо хал кунад. Аммо бадбинони Сатр хар руз зиёд шудаистодааст. Як бор рафта аз мардум пурсон шавед онхо чи мехоханд, онхо чои кор мехоханд.

Давлати мо ягон камбуд надорад хамаашро раиси чумхур хал кардааст чои кор ,24 соат барк, оби бепул, хешу табор но парасти, 98% корхонахои давлати хоб боз озодии дин додааст ахсан ду чизи дигар мондааст САТР ХИЧОБ ВА РИШ .ДИГАР КАМБУД НАДОРЕМ МО .ХУДО ШОХИД АСТ ИН ДУНЁ ВАФО НАДОРАД ЭЙ МАРДУМХО АГАР ВАФО МЕДОШТ БА РАСУЛИ ХУДО ВАФО МЕКАРД . Ошики ин дунё нашавед.

Миллатеро рафт чун оин, зи даст!

муслим
Вой бар холи имомхатибоне ки сатру хичобро инкор мекунанд инкори Куръон менамоян зеро сатру хичобу пушиши аврат дар сураи нур ахзоб зикр шудааст

Албатта, хак ба чониби Шумост, аммо вакте нисбати як масъаларо матрах менамоем , набояд як пахлуи онро барраси намоем, балки хаматарафа нисбат ба он фикру андеша намоем, баъдан казоват намоем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон танхо хамаи айбро ба души харидорон кардаанд. Рохи халли ин мушкилот ташвикот барои харидорон набояд бошад, балки нисбати точироне , ки аз хорича чунин шимҳои тангеро ба истилоҳ сигарет ва либосхои сиёхро ворид менамоянд гузаронида шавад ва таъкид ба таъкид ба онхо бояд хотиррасон намуд.

нисбати сатре, ки мехохед онро аз байн бардоред, бояд бигуям, ки мардуми точик бисёр маколи зебое доранд, ки мегуянд "Аввал гиребони худ бибуй ,баъд айби дигарон бичуй" мухтарам Домулло Сайид Акбар. Оё зану фарзанди шумо ва ахли байти шумо сатр надоранд ? Ба ин чи мегуед?

Алишер
Чихел дискоклубхоро махкам кунанд шумо чихо мегуед бародар о максади онхо дур кардани ислом аз мардум аст ки ин имкон надорад

Сураи моида ояи 56 "... бе шубха хизби Худо голиб хохад буд" Шумо фикр накунед ХНИТ-ро аз парлумо дур кардан ин шикасти Ислом аст мусалмон бошед назаре ба Курон кунед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)