Убайдуллоев ду курсияшро ҳифз кард: Президент истеъфоямро напазируфт...
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дигарбора раиси маҷлис интихоб гардида, аз ҷониби вакилони тозаинтихоб ҳамчун номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар ин бора ба "Озодагон" Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ ба "Озодагон" гуфт, қабл аз оғози ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, мехост аз мақоми раиси шаҳр истеъфо бидиҳад, вале Президенти Тоҷикистон истеъфояшро напазируфт. Ба қавли ӯ, Убайдуллоев дар оғози маҷлиси вакилони тозаинтихоб изҳор дошт, “чунин эҳтимолият вуҷуд дошт, ки ман дигар кор накунам, чун ба синни нафақа расидаам. Аммо сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳоло вақти нафақа нест, шумо бояд кор кунед”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, якуми феврали соли равон, ба синни 63-солагӣ расид, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун синни нафақа барои мардон муқаррар шудааст. Ҳарчанд дар пасманзари 63-солагии Убайдуллоев овозаҳо дар мавриди эҳтимоли барканорияш зиёд гардиданд, ӯ тавонист, ки мақоми раисияшро дар шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси вакилони шаҳр ҳифз кунад. Аммо суол, ки оё Убайдуллоев дар Маҷлиси Миллии ояндаи Тоҷикистон низ дар симмати раис боқӣ хоҳад монд, феълан матраҳ аст.
Дар ҳамин ҳол Маҷлиси вакилони Душанбе, ки Убайдуллоев дигарбора раиси он интихоб шудааст, ба гуфтаи Шавкат Саидов аз намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла 22 нафар ихтисосмандони соҳаи саноату сохтмон, 16 нафар илму маориф, 8 нафар иқтисодчӣ, 6 нафар ҳуқуқшинос, 5 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ, 3 нафар соҳаи тандурустӣ, 3 нафар аҳли фарҳанг, 3 нафар соҳибкор, 3 нафар аз соҳаи технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва 1 нафар варзишгар иборат мебошад: “Бояд таъкид дошт, ки дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум 8 нафар докторҳои илм ва 25 нафар номзадҳои илм шомил буда, дар маҷмуъ беш аз 41%-и вакилонро занон ташкил медиҳанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |