Қурбониёни сӯхтори “Адмирал”. Шаш нафар аз Тоҷикистон
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сӯхтори маркази савдои “Адмирал”-и шаҳри Қазони ҷумҳурии мухтори Тотористон ба ҳалокат расидаанд, ба 6 расидаст. Аз нафари шашум Ҳомидов Шокир Ҳомидович ном бурда мешавад.
Ҳарчанд расонаҳои русӣ теъдоди қурбониёни тоҷикро дар ин ҳодиса ду нафар медонанд, вале Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, теъдоди ҳалокшудаҳо аз ҳисоби ҳамватанони мо дастикам 6 нафар мебошад.
Ба маълумоти намояндагии ин Вазорат дар Русия шаҳрвандони дигари фавтидаи Тоҷикистон - Қосимҷон Аъзамхоҷаевич Тӯраев, санаи таваллудаш 15.06.1971, аз ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳикматулли Ҳайтуллохон, санаи таваллудаш 26.02.1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳматуллоевич Риёев, соли таваллудаш 04.11.1984 аз ноҳияи Ёвон ва Алишер Азизович Давронов, соли таваллудаш 08.11.1996 ва Асадулло, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе мебошанд.
Расонаҳои русӣ дар маҷмӯъ то кунун аз ҳалокати дасти кам 10 нафар хабар додаанд, ки 9 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ гуфта мешаванд. Бархе расонаҳо қурбониёнро шаҳрвандони Озарбойҷон, Узбакистон ва Ветнам мегӯянд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Тасс” мегӯяд, сарнавишти 25 нафаре, ки дар таҳхонаи бино дар мондаанд, то ҳол норӯшан аст.
Рустам Минниханов , раисиҷумҳури Тотористон, ваъда кардааст, ба хонаводаи ҳалокшудаҳои сӯхтори бозори "Адмирал" як миллион рублӣ кумак мекунанд ва ҳамчунин масрафоти интиқоли ҷасади шаҳрвандони хориҷиро ба ватанашон низ пардохт менамоянд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тотористон гуфтааст, ба афроде, ки осеби ҷиддӣ надидаанд, вобаста ба зарари расида аз 200 то 400 ҳазор рубл ҷубронпулӣ дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |