АКС: Президент сохтмони иншооти бузург барои низомию амниятиҳоро оғоз бахшид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 13 март ба сохтмони Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маҳаллаи Ҳаёти Нав, шаҳраки низомиён дар ноҳияи Рӯдакӣ ва бинои нави “Амонатбонк” дар хиёбони Рӯдакӣ оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асоси бинои нави “Амонатбонк” дар хиёбони Рӯдакӣ изҳори боварӣ кардааст, ки бо фароҳам овардани шароити муосири корӣ сифати хизматрасонии Амонатбонк беҳ шуда, эътимоди мардум ба он афзун мегардад ва дар низоми бонкии ҷумҳурӣ рақобатпазириаш бештар мешавад.
Манбаъ мегӯяд, сохтмони бинои нави 10-ошёнаи раёсати ин бонк, тибқи нақша, дар муддати 3 сол, бо маблағҳои аз Бонки давлатии рушди Чин ҷалбгардида ва маблағҳои худии Амонатбонк ба итмом расонда мешавад: “Дар вақти сохтмон дар инҷо зиёда аз 200 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд”.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Амонатбонк дастур додааст, ки минбаъд беш аз 80 фоизи кормандон аз ҳисоби занону духтарони соҳибтахассуси соҳа бошанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ асос гузошт, ки аз 15 бино иборат хоҳад буд: “Дар вақти сохтмони ин биноҳо зиёда аз 1000 нафар бинокорон бо кор таъмин мешаванд, ки ҳама аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ хоҳанд буд”.
Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба сохтмони маҷмааи давлатии шаҳраки истиқоматии низомиён оғоз бахшидааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур ин шаҳрак аз 20 бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ бо 2000 хона, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 1230 хонанда дар 1 баст, кӯдакистон барои 400 кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат хоҳад буд: “Хонаҳои истиқоматӣ 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар онҳо 2000 оилаи афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо шароити хуби зист таъмин хоҳанд шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон бо ваъдаи ғамхорию дастгириҳои бештар давлатӣ аз ҳомиёни марзу буми кишвар изҳори боварӣ намудааст, ки “роҳбарият ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо беҳшавии шароити моддию техникӣ ва иҷтимоию маънавӣ сатҳи маҳорату малакаи касбии худ ва дар маҷмӯъ қудрати дифоии давлатро боз ҳам баланд бардошта, ба халқу Ватани худ содиқона ва иродаю матонати қавӣ хизмат мекунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |