Муҷозоти зане, ки якуним сол шавҳари тоҷикашро аз мақомот пинҳон кардааст
Додгоҳе дар шаҳри Новокузнетс як зани русро барои аз пулис ва хадамоти муҳоҷират пинҳон кардани шавҳари тоҷикаш шартан як сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ Яна Лапшинаи 26-сола ҳамсари тоҷики худро 1,5 сол аз мақомот пинҳон намудааст. Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2012 барои нақзи муқаррароти қонунгузории муҳоҷират барои панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шуда, бо иваз кардани ному насаб баъди чанд моҳ назди ҳамсарш ба Новокузнест бармегардад. “Зан шавҳарашро дар манзили хешовандонаш сабти ном карда, баъди он ки муҳлати қайд ба итмом мерасад, тайи якуним сол мардро аз пулис ва хадамоти муҳоҷират пинҳон мекунад”,-менависанд расонаҳо.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, танҳо моҳи октябри соли сипаришуда замоне ки бо корти тақаллубии муҳоҷират қасди сабти ном шуданро доштааст, боздошт мешавад. “Ахиран, додгоҳ ин занро дар “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” ва “Сабти қалбакии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои зист дар Русия” муттаҳам ва шартан як сол аз озодӣ маҳрум кард”,-менависанд расонаҳо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |