Бахшҳо

Разоқов дар азхудкунии 360 000 ва фиреби дастгоҳи Президент муттаҳам мешавад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Зайниддин Разоқов, раҳбари Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Фатҳ 2010” ва “Строй Гигант” хабар додааст, ки дар тақаллубкорӣ, аз ҷумла азхудкунии 360 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар, ин 360 ҳазор сомонӣ андози маблағе мебошад, ки Разоқов аз рӯи протоколи тендер ва шартнома бо дастгоҳи иҷроии президент барои харидории компютеру принтер соҳиб шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин соҳибкори тоҷик ба ҷойи супоридани ин маблағ ба Кумитаи андози Тоҷикистон ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашудаи қалбакиро ба Дастгоҳи иҷроии президент пешниҳод намудааст: “20 сентябри соли 2013 маблағи 4 447 600 сомонии аз рӯи протоколи тендер ва шартномаи №2489.1-1041 аз 19 сентябри соли 2013 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидори намудани 1563 адад компютер ва 160 адад принтер интиқолдодаро аз хазинаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” гирифта, аз ҳисоби ин маблағҳои пулӣ, маблағи 360 000 сомониро, ки барои пардохти андозҳо муайян шуда буд, ба манфиати худ сарф намуда, оид ба ин амалиёт ба фармоишгар (Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашудаи қалбакиро пешниҳод намудааст”.

Ба иддаои масъулини оҷонсӣ ин соҳибкори тоҷик аз ҳисоби маблағи моҳи марти соли 2014 аз бозори фурӯши воситаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе, ба маблағи 196 000 сомонӣ, ки муодили 40 000 доллари амрикоӣ аст, автомашинаи тамғаи “Каделак-Эскалид” (внедорожник), соли бароришаш 2007-ро харидорӣ карда, бо ин роҳ он маблағро ба расмият даровардааст: “Инчунин дар пайи тафтиши корхонаҳои таҳти раҳбарии ӯ, 2 074 678,75 сомонӣ пинҳонкунии андозҳо ошкор шудааст”.

Масъулини оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯянд, ҳоло Разоқов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Инна кришааш ким будаги, ки корро хал накарда мондааст.

sssd
Чавоб ба айниги, ин каса крышааш "Лахзахои гуворо" мебошад.

Посух бо лаззахои гуворо масалан кучош лахзахои гуворо

Масалан чихели лахзахои гуворо хь бародар

айниги,
Ок

ягноби
урметани,
Ба хареки бор надори кор нагир хеч нахандед одамон асло ба холи дигарон мешавад рузеки онон хандан бар холатон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)