100 донишгоҳи бонуфузи дунё: Нишоне аз Тоҷикистон нест
Маҷаллаи бритониёии “Times Higher Education” рӯйхат ё раддабандии бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро дар соли 2015 нашр кард. Донишҳи Ҳарвард, Кембриҷ ва Уксфорд дар ин рӯйхат зинаҳои аввал ва дуву серо касб кардаанд.
Ин маҷалла аз соли 2011 ба ин сӯ чунин рӯйхатро ҳамасола бар асоси таҳқиқот ба нашр мерасонад. Дар феҳрасти нав, ки 100 донишгоҳи бонуфузтарини дунёро фаро мегирад, аз донишгоҳҳои кишварҳои пасошӯравӣ Донишгоҳи Ломаносови Маскав дар ҷойи 25 қарор гирифтааст.
Даҳгонаи беҳтарин донишгоҳҳои ин рӯйхатро фақат донишгоҳҳои ИМА ва Бритониё ташкил медиҳанд. Дар 20-гонаи беҳтарин аз кишварҳои осиёӣ донишгоҳи Токиёи Ҷопон мақоми 12-умро гирифтааст. Донишгоҳҳои 5 кишвари осиёии дигар -- Сингопур, Чин, Ҳонгконг, Тайван ва Куриёи Ҷанубӣ ҳам ба бистгонаи беҳтарин роҳ наёфтаанд.
Пурсиш барои муайян кардани донишгоҳҳои беҳтарин миёни 10,5 ҳазор профессор аз 142 кишвари дунё гузаронда шудааст, ки собиқаи на кам аз 15 солаи кор дар донишгоҳро доштаанд.
Дар рӯйхати нашркардаи “Times Higher Education” аз ҳама бештар донишгоҳҳои Амрико ворид шудаанд ва дар ҷамъи 50-гонаи беҳтарин 26 тоаш насиби донишгоҳҳои ин кишвар гардидааст.
Моҳи декабри соли 2013 хабаргузории “Интерфакс”-и Русия раддабандии 400 донишгоҳи кишварҳои узви ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистонро нашр кард, ки аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ се донишгоҳ шомил шуда буд. Ҷойи аз ҳама "боло"-ро аз донишгоҳҳои Тоҷикистон -- Донишгоҳи технологӣ касб мекард. Ин донишгоҳ дар байни 405 муассисаи олии таълимӣ дар зинаи 151-ум, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақомҳои 301 ва 310-ро ишғол намуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |