Узрхоҳии ФМС ва шарти Иззат Амон
Иззат Амон, роҳбари минтақавии созмони мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони Ҷамъияти ҳуқуқи инсон дар Русия, ки ҳафтае қабл аз сӯи посбонҳои боздоштгоҳи мувақатии Раёсати хадамоти федеролии муҳоҷирати шаҳри Маскав (РХФМ) дар минтақаи Сахарово латту кӯб шуда буд, ба “Озодагон” гуфт, аз ин ниҳод ба ӯ занг зада, узрхоҳӣ кардаанд.
Оқои Иззат Амон, мегӯяд ин ниҳод ба дунболи узрхоҳӣ тақозо кардааст, аз шиктояташ даст бикашад, аммо ӯ гуфта, танҳо дар сурати тавассути расонаҳо ва расман пузиш хостан шикояташро пас мегирад. “Мо дар ин бора зиёд суҳбат накардем, чун ман узрашонро напазируфтам. Гуфтам, танҳо тариқи ВАО узрашонро қабул мекунам”,-афзуд Иззат Амон ва илова кард, агар ин ниҳод расман узр напурсад, то Додгоҳи ҳуқуқи башар дар Аврупо шикоят хоҳад бурд.
Иззат Амон рӯзи 5 март ба дидорбинии шаҳрванди Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов, ки ду моҳ дар зиндони муваққатии Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати Маскав қарор дошт, меравад, аммо маъмурони зиндон иҷозати мулоқот бо Зариповро надода, ӯро латту кӯб ва аз зиндон берун мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |