Шӯрои уламо яке аз роҳҳои мубориза бо терроризмро ташкили ҷойҳои корӣ хонд
Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри матлабе роҳҳои мубориза бо терроризмро пешниҳод карда, дар баробари зикри сабабҳои пайдоиш ва густариш ёфтани терроризм набуди ҷойи кор ва мушкилоти иқтисодиро яке аз омилҳои аслӣ ном бурдааст.
Дар матлаби Маркази исломии Тоҷикистон, ки торнамои расмии он - “Muftiyat.tj” нашр кардааст, аз ҷумла омадааст, “бояд дар таҳвил ва интиқоли технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маҷмӯи масоили иқтисодӣ, аз ҷумла ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани маҳсулоти дар кишварҳои олами сеюм тавлидшаванда иқдомоти воқеӣ, мураттаб ва муназзам амалӣ гарданд”.
Ба қавли масъулини марказ, то кишварҳои пешрафта дар ҳамкорӣ бо давлатҳои рӯ ба инкишоф барномаи фароху созандаи мубориза бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, сатҳи пасти маърифат, бекорӣ ва бемориҳои гуногуни вазнинро таҳия ва амалӣ насозанд, терроризм ҳамроҳи ногузири глобализм ва нусхаи он хоҳад буд. Маркази исломии Тоҷикистон дар идома хостори ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти оштинопазир нисбат ба дине ё мазҳабе шуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, садди роҳи бадномшавии дини мубини Ислом шаванд: “Ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини Ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад. Аз ин рӯ, комилан зарур аст, то ҳукуматҳои кишварҳои олами Ислом ва ходимони бонуфузи динӣ ба он ноил шаванд, ки садои маҳкумсозандаашон бар зидди терроризм дар дохили мамлакаташон ва ҳам берун аз марзҳои он ба таври возеҳ шунида шуда, воқеан дастраси умум гардад”.
Инчунин дар матлаби мазкур гуфта шудааст, баъзе кишварҳои ҷаҳон дар қаламрави худ алайҳи терроризм ва зуҳуроти он мубориза бурда, терроризми фаромиллиро дар давлатҳои дигар ё худ минтақа пуштибонӣ мекунанд ва террористонро ба ҳайси афроди озодию истиқлолиятхоҳ ва дорои ҳувияти миллӣ муаррифӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |