Бахшҳо

Фармони Президент барои даъвати наваскарон: Раисон масъуланд...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми март бо судури як фармон дастур додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати наваскарон оғоз гардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд. Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки мутобиқи моддаи 23-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон раиси шаҳру ноҳия масъул аст.

“Моҳҳои апрел-майи соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд"-омадааст дар фармони раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки масъулин зимни интихоби наваскарон дақиқкор бошанд: “Вазорати мудофиа ва раисони комиссияи даъват вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хос, қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда мукаммал гарданд.”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.
Мӯҳр
Фирдавс
Фасссссссссссс........... кормандони комисарияти ҳарбӣ ба шикор баромаданд.....

Мувофики конун аз аблава кардан мумкин ест? Аз Кай кабули хохишмандон сар мешавад...

Абача гурез аблава!

Рафикон чавонони точик! Дифоъ намудан аз марзу бум ва амнияти кишвар вазифаи шахрванди ва имонии хар яки мо мебошад. Имрузхо мо бояд давлати худ Точикистонро худамон посбони кунем. Тартиботи чамъияти ва амнияти мардумро хифз намоем. Ман 2 сол хизмати харби кардам мушкилихо ба фоидаи ман буданд, зеро хар як мард бояд аз мушкили гузарад. Ба чойи он ки ба давлатхои исломии Сурияву Ироку дигархо рафта, гуё чиход мекунем, биёед ба манфиати миллати худ чиход кунем ва хизматашро ба чо орем. Ба масъалахои дини кам ахамият дихем. Рукнхои муайяни диниро ичро кунем хамон кифоя.

Кайкоиус
Хайфи чавонони точик ки боз кисми зиёдашон бо шиканча дучор мешавандэ

Сарбозон
Ассалому алайкум. Мо якчанд нафар сарбозон аз фармони Президенти кишвар ва нашри ин фармон аз чониби сомонаи озодагон хеле сипосгузор ва шод хастем. Чун бо судури ин фармон мо метавонем хизмати Модар-Ватанро бо сари баланд адо намуда назди падару модар ва иддае назди зану фарзанд равем. Аз хамаи бародарон хохиш менамоем, ки ба хизмати Модар - Ватан биоянд ва аз марзу буми сарзамини худ дифоъ кунанд. Албатта хизмат ба Ватан то имруз мушкиливу камбудихои хеле зиёд дорад лекин охиста-охиста хуб шуда истодааст албатта ин аз худи мову шумо низ вобастаги дорад мо худамон бояд артиши худро ислох намоем. Ва аз масъулини сомонаи озодагон хохиш дорем, ки оиди ба эхтиёти рухсат додани сарбозони хизматашон ба охир расида каме равшани меандохтед, чун хабархои зидду накизе пахн гашта истодааст, ки гуё фармони Президенти кишвар бошад, ки бояд хамаи сарбозони мухлати хизматашон ба охир расидаро бояд аз 1 то 5 уми апрели соли равон бояд чавоб дода шавад хамчунин хабари дигаре хам хаст, ки пас аз 9 май чавоб хоханд дод. Бори дигар аз масъулини сомона эхтиромона аз номи сарбозон хохиш менамоем, ки ин хабарро пайгири намоед ва коре кунед то барвакттар ба назди падару модар ва наздикони худ биравем ва чавонони кишварро даъват намоем то бираванд хизматро ба сари баланд адо карда биёяд, умед дорем барвакт чавоб додани мо сабаби даъвати харчи зудтар ва бештари наваскарон хохад гашт. Каблан сипосгузорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)