Бахшҳо

Баҳои 5-и Назарбоев барои фаъол буданаш дар имтихон

Номзадии Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон расман ба мақоми президентӣ дар интихоботи пешазмуҳлати кишвараш ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, Назарбоев рӯзи 11 март дар имтиҳони забони давлатии ин кишвар комёб шуда, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ сабти ном шудааст.

Мирзатай Жолдасбеков, раиси Комиссияи ташхиси забоншиносии Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон дар шарҳи ин хабар гуфтааст, “Назарбоев дар се даври ин имтиҳон комёб шуд. Дар нақли хаттӣ, ки дар мавзуи “Нерӯи мо барои муттаҳидӣ” навишт, ягон хатое наёфтем, бисёр хуб навиштааст. Дар даври дуюм, қитъае аз эҷодиёти донишманди Есенберлинро бисёр олӣ хонд ва дар даври ниҳонӣ, ки дар бораи ҳикмати аҷдодон суҳбат кард, низ фаъол буд ва мо якдилона ба хулосае омадем, ки ӯ забони давлатиро дар сатҳи хеле баланд медонад”.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи ташхиси забоншиносии Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев ин се даври имтиҳон аз забони давлатиии кишварашро дар 1 соату 20 дақиқа супоридааст.

Нурсултон Назарбоев соли 1940 дар ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон ба дунё омадаааст. Ӯ аз соли 1984 то 1989 раҳбарии Шӯрои вазирони ин ҷумҳуриро бар уҳда дошт. Соли 1989 ба ҳайси раҳбари Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Қазоқистон интихоб шуда, то соли 1991 дар ин симмат кор кардааст. Дар пайи пошхурии Иттиҳоди шӯравӣ моҳи декабри соли 1991 ба ҳайси нахустин президенти Қазоқистон ба курсии раҳбарии кишвараш нишаст ва инак то ҳол бо ислоҳу тағйири пайдарпайи Қонуни асосӣ (конситутсия)-и Қазоқистон, бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ аз лиҳози қаламраву захираҳои табиӣ ва ҳаҷми иқтисодро раҳбарӣ мекунад. Интихоботи президентии Қазоқистон мебоист дар соли 2016 баргузор мешуд, вале бо пешниҳоди Маҷмааи халқии Қазоқистон ва қабули ҳукумату парлумони ин кишвар интихоботи президентии қабл аз муҳлат эълон гардид. Ин раъйдиҳӣ 26 апрели соли равон баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, номзади аслӣ ҳамоно Нурсултон Назарбоев хоҳад буд, вале то ҳол аз даҳ нафар, аз ҷумла Аскар Сиргабоев, Сафиолла Алдаҷонов, Лимина Койшиева, Бахит Абдукаримов ва Суҳроб Мирзошов номзадии худро ба мақоми президентии Қазоқистон пешниҳод кардаанд.
Мӯҳр
Карандаш
Назарбоев пешаки медонад, ки чанд фоиз овоз мегирад, зеро касе пешаки ба гуши у гуфтааст ё у ба гуши касе гуфтааст.

Назарбоев президент арзанда аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)