Эфиопия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти муҳоҷиратро омӯхтанист
Айлев Гобиизӣ, сафири Эфиопия дар Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш хостори ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шудааст. Ин нуктаро номбурда рӯзи 10 март зимни мулоқот бо Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иброз доштааст.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, Айлев Гобиизӣ дар ин мулоқот иброз доштааст, Эфиопия давлати интиқолдиҳандаи қувваи корӣ ба хориҷи кишвар мебошад, бино бар ин, зарур мешуморад, таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин самт биомӯзад.
Манбаъ мегӯяд, Сумангул Тағойзода оид ба омода намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба сафир иттилоъ дода, афзудааст, соҳаи муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси қонун “Дар бораи муҳоҷират” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ мемонад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо баъд аз баррасии масоили муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳод намудаанд, ки ҷиҳати пешбурди ин соҳа ва омӯхтани бозори меҳнати ҳар ду кишвар гуруҳи коршиносони муштарак таъсис дода шавад.
Айлев Гобиизӣ дар баробари Тоҷикистон, ҳамчун сафири Эфиопия дар кишварҳои Туркия, Қирғизистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон низ фаъолият мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |