Бахшҳо
05 мар 2015 15:20Ҳуқуқи инсон

Чӣ шуд, ки мӯйсафеди 80-сола дар айёми пирӣ занашро талоқ дод?

Низомиддин ИСОЕВ

Эҳсоси рашк ва беэътимодии мӯйсафеди 80-сола ба зани 65-солаи худ, аз шаҳри Норак, боис гардид, ки онҳо пас аз зиндагии тӯлонӣ бо ҳам дар айёми пирӣ ақди никоҳи давлатии худро бекор намоянд.


- Зане, ки синнаш аз 65 гузаштан дорад, ба мо дасти кам ду маротиба муроҷиат карда, зери латукӯби шавҳари 80-сола қарор гирифтани худро бо оби дида қисса намуд, - мегӯяд Ирода Султонова, мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак. - Дар рӯзҳои сардии зимистон шавҳар зани худро озору азият дода, чанд дафъа аз хона рондааст. Ҳатто намегузошт, ки зан либоси гарме ба бар намояд. Мавридҳое низ шудааст, ки ӯ дар болои кати рӯйи ҳавлӣ шаби худро рӯз намуда, ба ин ҳама тазйику фишори шавҳар таҳаммулро пеша кардааст.

Тибқи гуфтаҳои И. Султонова, омили асосии азҳампошии ин оила бо ҳам рост нагирифтани зану шавҳари бузургсол ва рашки беасоси мард нисбати ҳамсари худ мебошад. Мӯйсафед пайваста Н. Р. (зан)-ро зери фишори равонӣ ва азиятҳои ҷисмонӣ қарор медодааст. Вақте ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои таҳқиқи ин масъала ба хонаи Х. Н. (шавҳар) мераванд, ҳеҷ айби занро пайдо накарда, маълум менамоянд, ки Н. Р. зани ботамкину покдоман асту гуноҳе надорад.
- Шавҳари ман бисёр рашк мекард, мегуфтамаш, ки ман 65-сола шудам, бароят ягон асос надодам, ки рашк кунӣ, кампир шудаам, лекин баҳона карда доим мезад, - мегӯяд Н.Р. – Ягон марди ҳамсиннусол ҳам дар ин махалҳои мо намондааст, ки рашк кунад. Аз тарси ӯ умуман ба берун намебаромадам.
Намояндагони бахши занон ва оилаи шаҳрдории Норак барои нигоҳ доштани оилаи ин ҷуфти зану шавҳари солманд муҳлат дода, Н. Р.-ро муваққатан ба хонаи падарӣ равон менамоянд. Таъмини рӯзгори занро писаронаш ба дӯш гирифтанд.
- Тавре ки як намояндаи шуъбаи САҲШ-и Норак дар суҳбат бо мо гуфт, онҳо умедвор буданд, ки зану шавҳар як муддат аз ҳам дур зиндагӣ кунанд, шояд боз якдигарро фаҳманду ба ҳам оянд. Аммо, мутаассифона, рӯзи 21-уми феврал бинобар дуюмбора шикоят овардани зан аз зулми ҳамсари худ, мо дигар чорае наёфта, никоҳи онҳоро бекор намудем.

Дар ҷомеаи имрӯза барҳамхӯрии оилаҳо натанҳо дар байни ҷавонписарону духтарон мушоҳида мегардад, балки дар байни насли бузургсоли мо низ буридани ақди никоҳи давлатӣ ба қавле «мӯд» гаштааст. Толибҷони Сайф, сокини шаҳри Норак, ки аз асли ин қазия огоҳ аст, гуфт: «ростӣ, ҳоло дар зеҳни мо мардҳо бештар чунин фикрҳои ғалат давр мезанад, ки гӯё ба ҷуз зане, ки падар ба мо дод, боз худ метавонем зани дигар низ гирем. Масалан, як рӯз дар маъракае нишаста будем, марди нисбатан калонсол гуфт, ки «лубой чмора» падараш як зан медиҳад, марди ҳақиқӣ ҳамонест, ки боз худаш якто зани дигар гирад».

Ба қавли масъулин, агарчи дар солҳои қаблӣ бастани ақди никоҳ дар шаҳри Норак зиёду бекор карданаш хеле камтар ба назар мерасид, дар соли 2014 бошад, фоизи бақайдгирии никоҳҳои давлатӣ камтару пошхӯрии оилаҳо зиёд гаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз аксаран сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил, фишор овардани хушдоман ба келин ё худ носолим будани духтарҳо медонанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ин оилаи одамони солору рӯзгордида, ки солҳои мадид бо ҳам зистаанд, имрӯз вайрон шуд?

Малоҳат Усмонова, равоншиноси Маркази буҳронии занон аз шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ин робита чунин мегӯяд: «Маърифати пасту нофаҳмоии тарафайн, муносибати бади онҳо бо якдигар низ боис мегардад, ки ҳатто насли бузургсоли мо имрӯз аз ҳам ҷудо мешаванд. Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки инсони бемаърифат бузургтар шуда, бомаърифат мешавад, вале иштибоҳ мекунанд. Он чизе, ки нест, ҳаст намешавад. Ҳамин аст, ки аксар занҳои мо ба умеде, ки рӯзе зиндагияшон ранги дигар хоҳад гирифт, ҳама пасту баландии ба сарашономадаро сабр менамоянд, вале аз ҳад, ки гузашт, оқибат ба ҳамин хушунат омада мерасад».

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки имрӯз аз пош хӯрдани оилаҳои ҷавон дида барҳамхӯрии оилаҳои насли калонсол мояи нигаронии бештар аст. Чун дар ҳоле ки насли бузургсоли мо дорои таҷрибаи бойи зиндагӣ ҳастанду мебояд ҷавонон аз ҳаёти хушу осоиштаи онҳо сабақ гиранд, чунин ҷангу хархаша, рашкҳои беасос, зӯроварию бадрафтории онҳо намунаи ибрат барои дигарон буда наметавонад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)