Бахшҳо
11 мар 2015 22:20Ҳуқуқи инсон

Модар - ба Русия, фарзандон - ба ... ятимхона. ВИДЕО

Муъмин АҲМАДӢ

Муҳаммадали и 7-моҳа, ки дар гаҳвора барои шири модар даст мезанад, ҳанӯз хабар надорад, ки сар аз моҳи апрел барои муддати номаълум ҳамроҳ бо хоҳари 6-солааш аз модар ҷудо хоҳанд буд. Модари ин ду кӯдак тасмим гирифтааст, ки тарбияи ду бачаашро бар дӯши давлат гузошта барои муҳоҷирати корӣ ба Русия равад.


Рухсора Фаттоева, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе барои ба ятимхона додани писари ҳафтмоҳа ва духтари шашсолааш ҳуҷҷат омода кардааст. Ин зан, ки дар як деҳаи канори Душанбе, дар як хонаи нимаобод иҷоранишин аст, мегӯяд, ҳоло дар дасташ танҳо пули чиптаи самти Русия боқӣ мондааст, дар ҳоле, ки ин ду кӯдак либосу ғизо мехоҳанд.

Ду фарзанди бузурги Рухсора Фаттоева баъди талоқ дар хонаи падар монданд. Рухсора барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт. Ӯ дар онҷо бо як муҳоҷири тоҷик дубора издивоҷ кард ва ҳомиладор шуд. Шавҳари наваш дар ҳоле якбора нопадид гардид, ки фарзанди дар батн будаи Рухсора 5-моҳа буд ва исқоти ҳамл имкон надошт. Ӯ тобистони соли гузашта ба ватан баргашт ва кӯдаки чаҳорумашро таваллуд кард. Ин зани ҷавон медонад, ки бо таваллудҳои беназм зиндагиии худаш ва бачаҳояшро мушкил кардааст, вале ҳоло ягона илоҷи корро дар муҳоҷирати корӣ ва барои муваққат ба ятимхона додани бачаҳояш мебинад. “Ҳар вақте фикр мекунам, ки писарамро дар ятимхона мегузорам, дилу ҷигарам мерезад. Дилам сиёҳ мешавад, аммо шароитам хеле вазнин аст, на хона дораму на кор, дигар роҳе надорам”, - мегӯяд Рухсора. Вай мегӯяд, бо беҳтар шудани шароити зиндагиаш бачаҳоро бармегардонад. Падару модари Рухсора солҳост, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва дар хонаи бародару хоҳар низ дигар барои ӯ бо ин ду кӯдакаш ҷой нест. Аммо ин зан дар Тоҷикистон ягона зане нест, ки мехоҳад, муввақатан фарзандашро ба тарбияи давлат бидиҳад.

Ҳусейн Махмедов, сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳоло дар се “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Душанбе наздики 400 кӯдаки аз 1 то 6-сола нигоҳубин мешаванд, ки бархе комилан бепадару модар буда, бархе танҳо модар доранд. Ӯ мегӯяд, бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ва тасмими камиссиюни вежа, давлат масъулияти кӯдакони занҳои танҳоро, ки тавони нигоҳубини бачаҳои худро надоранд, ба дӯш мегирад. Ҳусейн Маҳмедов мегӯяд, “ду-се сол баъд, вақте зан бармегардад ва мехоҳад кӯдакро баргардонад, боз комиссия вазъи зиндагии ин занро месанҷад ва агар зиндагиаш тағийр ёфта бошад, кӯдакро дубора ба тарбияааш медиҳад”.

Рухсора Фаттоева, қаҳрамони матлаби мо низ таъкид мекунад, ки танҳо муваққатан мехоҳад, фарзандонашро дар "Хонаи кӯдакон" бимонад ва пас аз бозгашт ҳатман дубора онҳоро бо худ хоҳад гирифт. Умарҷон Саидамиров, узви Комиссияҳои санҷишии вазъи модароне, ки мехоҳанд фарзандонашонро ба “Хонаи кӯдакон” гузоранд, мегӯяд, воқеан, ҳоло дар қиёс ба чанд соли пеш теъдоди модароне, ки аз ӯҳдаи нигоҳубини фарзандонашон намебароянд, афзоиш ёфтааст.

Ӯ мегӯяд: “Инҳо занҳое ҳастанд, ки шавҳаронашон онҳоро танҳо гузоштаанд. Бархе баъди марги шавҳар бева мондаанд ва бо кӯдакон дигар дар хонаи волидайн ҷои зист пайдо намекунанд. Бо занҳои бародар ҷангу ҷанҷол мекунанд ва созиш намекунанд. Гиряву нола мекунанд, ки ҳамин кӯдакамонро бигиред, мо худамон ҷои зистамонро пайдо мекунем. Баъзеаш мегӯянд, ки Русия меравем ва баъзе мегӯянд, дар ҳамин Тоҷикистон ҷои зистамонро меёбем, зеро дигар бо фарзанд дар хонаи волидайн бароямон ҷой нест”.

Тоҷикистон барои кӯдакони ятим ва нимаятим 87 муассисаи таълимӣ дуруст кардааст, ки дар он ҳудуди 10 ҳазор кӯдак тарбия мегирад.

Бар пояи омори расмӣ, Тоҷикистон дар Русия беш аз 800 ҳазор муҳоҷири мавсимӣ дорад, ки наздики 200 ҳазори онҳо занон мебошанд. Аксари занҳои тоҷик ҳангоми муҳоҷират фарзандони хурдсоли худро назди бибиву бобо мегузоранд, аммо бархе дигар, ки аз чунин имкон бархӯрдор нестанд, онҳоро муваққатан дар "Хонаи кӯдакон" мегузоранд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)