Эълони номи барандаҳои ҷоизаи Лоҳутӣ дар соли 2014
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми март, зимни таҷлили 103-солагии таъсиси матбуоти тоҷик дар театри ба номи Абулқосими Лоҳутӣ дар Душанбе номи барандаҳои ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.
Нигинаи Муъмин дар бахши телевизион, Абдуғаффор Убайдулоев дар бахши радио, Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ дар бахши илмӣ-таҳлилӣ ва Абдувоҳиди Зевару Эркин Шукур дар бахши матбуот соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ шуданд.
Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи журналистон ва Факултети журналистикаи ДМТ барои донишҷӯёни фаъоли соҳаи журналистика таъсис дода шудааст, имсол насиби Рухшона Ҳакимова ва Одили Нозир шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |