Вохурии рӯзи 13 марти Путину Лукашенко бо Назарбоев лағв шуд
Вохурии раҳбарони се кишвари пасошӯравӣ, Русияву Беларусия ва Қазоқистон дар шаҳри Остона, ки қарор буд, рӯзи 13 марти соли равон баргузор шавад, ба таъхир афтодааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо РИА Новости гуфтааст, вохурии Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар бо раҳбарони Қазоқистону Беларусия ба вақти номуайян гузошта шуд.
Ин дар ҳолест, ки Кремл рӯзи 9 март аз вохурии сеҷонибаи раҳбарони Қазоқистону Русия ва Беларусия хабар дорда буд. Ин иттилоъро низ дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қазоқистон таъйид карда, гуфт, вохурии Нурсултон Назарбоев бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларусия рӯзи 13 март дар Остона баргузор хоҳад шуд.
Интизор мерафт, президентҳои Русияву Беларусия ва Қазоқистон дар ин мулоқот ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории се кишвар ва раванди рушди иқтисодии ҷаҳонро баррасӣ карда, вазъ дар Украинаро низ ба баҳс кашанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |