Бахшҳо

Имрӯз иғвоангезу фардо қаҳрамон: Шарҳи як мантиқи фаҳмиши матбуот

Иршод Сулаймонӣ

Таҷлили Рӯзи матбуот барои мо ифтихор аст. Сарчашмаи ин ифтихор рӯзномаи “Бухорои шариф” мебошад. Аммо баҳси мо рӯйи фаҳмиши дугона аз ин ифтихор аст.

“Бухорои шариф” бо амри ҳукумати манғитии Бухоро ва дақиқтараш амири Бухоро Олимхон барҳам дода шуд. Сабабашро ин гуфтанд, ки ин рӯзнома фазои Бухороро ба ҳам мезанад ва миёни мардум иғво меандозад. Гуноҳеро, ки имрӯз баъзе мансабдорон ва мақомот ба матбуоту рӯзноманигорон бор мекунанд. Аммо “Бухорои шариф” имрӯз сарчашмаи ифтихор ва як сафҳаи рангини мубориза дар ҳаракати равшангаройӣ ва неҳзати миллатсозии мост. Чаро матбуоти имрӯзи мо натавонанд дар оянда чунин як чашмаи зулоли шараф ва мояи ифтихор бошад?
Ё!
Замоне Восеъро барои он ки алайҳи режим ва ноадолатиҳои ҳукумати вақт истод шуда буд, хиёнаткор хонданду дар майдони Регистони Бухоро ба дор овехтанд. Аммо имрӯз Восеъ қаҳрамони мардумист, ба шарафаш номи ноҳияро гузоштем ва нимпайкарааш сафи чеҳраҳои ифтихорофарини миллати моро дар пештоқи Китобхонаи миллӣ зиннат мебахшад.

Вуҷуди ин мисол моро ба чӣ қадар дуруст будани ин фармударо, ки “вақт довар асту ҳама чизро ҷобаҷо мегузорад” мутақоид менамояд. Аз ин ду мисол бояд бардошти дуруст дошта бошем, то дар оянда барои меросбарон сарчашмаи шарафу ифтихор бошем, на мояи нанг!

Рисолати матбуот ҳам дар дунёи муосир иғво ангехтан, мухолифат варзидан ва душманӣ нест. Балки гуфтани воқеиятҳо аз муҳитест, ки давлатмардон ба вуҷуд овардаанд. Агар бозтоби ин воқеиятҳо ногувор аст мушкил дар матбуоту расонаҳо не, балки мушкил дар соҳибони ин муҳит мебошад.

Матбуоти тоҷик, ки имрӯз буҳронитарин давраи худро пушти сар мегузорад, барои ба вуҷуд овардани афкори иҷтимоӣ, барои доштани ҳувияти худӣ, барои ҳимоя ва ҳифзи фазои иттилоотӣ шарафмандона ба унвони сарчашмаҳои олтернотиви ахбор талош доранд. Ҳарчанд, ки матбуот, яъне расонаҳои чопӣ дар миён дигар анвои расонаҳо пешсаф нестанд, вале ҳамоно ифтихори матбуот доштанро аз мо нагирифтаанд.

Аз таҷрибаи “Бухорои шариф” ва ҳатто матбуоти солҳои сиюми террори истолинӣ мешавад ҳадс зад, ки дар ҳама давру замон матбуот як рисолат дорад. Огоҳ кардани ҷомеа ва мардум. Мардуми огоҳ ҳастанд, ки ҷомеаи дуруст месозанд ва ё барои сохтани як ҷомеаи дуруст талош мекунанд. Ғолибан дар асри мову Шумо василаҳои огоҳ кардани мардум зиёданд. Агар ин кор аз роҳи матбуот анҷом нашуд, аз роҳҳои дигаре ҳатман сурат мегирад. Мо бояд аз рисолати матбуот танҳо як фаҳмиш дошта бошем ва дигар пиндорҳои худро ба берун бияфканем.

Иди шарафу бедорӣ, муборак ифтихорофаринони миллату давлат!
Мӯҳр
Азамат
Сарбаланд бошед, дуктур!

Зинда бошед, дуктур!

мумкин доктор бошад ё диктор ё харду, муаллиф мешуд бехтар

JURNALIST
Шояд дикт+Атор гуем турустар шавад? не?!

Хуҷанд
Комилан дуруст гуфтаӣ ҳамкасби азиз Иршод ! Мансабдорони имрғза ҳам чи бегонаву чи худӣ, ҳар чӣ ба табъашон нафорид, аз курсии мансаб "иғво" - ю "иғвоангезӣ" мехонанд

карим
Агар комбудишонро е хатояшонро гуи терористи, хама мардуми Точикистон игвогару терористи душмани миллату, Боз хочахои хоричихам доранд. Аз хочахои хоричии худ бехабар.

Самар
Бародари арчманд Иршод Восеъро на дар Регистони Бухоро балки дар Шахрисабз андар хузури амир Абдулахад хамрохи 6 хамаслаконаш ба дор овехтанд!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)