Э.Раҳмон ба Шмид: Аврупо метавонад моро шарики боэътимод бубинад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми март, муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмидро, ки барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз ҷумла изҳор доштааст, ки “Итиҳоди Аврупо дар минтақаи аз назари геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар сафи пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалии муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики муътамад ва стратегии худро бубинад”.
Манбаъ мегӯяд, Ҳелга Мария Шмид дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидаташ ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон баҳои баланд дод: “Бо назардоштии вобастагии амну суботи минтақа бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштан ва таҳкими эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ба рушди ҳамаҷонибаи минтақа нигарондашуда ҷаҳду талош кард”.
Ҳелга Мария Шмид омодагии Иттиҳоди Аврупоро ба мусоидати бештар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа барои таҳкими амну субот аз тариқи дастгирии рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъйид кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |