Бахшҳо

ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Шаҳнозаи Қурбоналӣ, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зодаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар роҳ ба ҷиҳод ба кишвари Сурия қарор доштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Бозорзода Шаҳнозаи Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1990, зодаи шаҳри Кӯлоб ва бошандаи ҷамоати Саркиштии ноҳияи Рӯдакӣ дар ду соли охир тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва “Вайбер” бо Сабзқадам ном ҷавоне, ки дар Сурия қарор доштааст ва шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, тамос барқарор намуда, зери таъсири равонии сухан ва аксу видеоҳое қарор гирифтааст, ки ин ҷавон барояш фиристодааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти ВУД таъсири таблиғот ва даъвати Сабзқадам то ҳадде буда, ки Шаҳноза ба дарсҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки донишҷӯи ин даргоҳ будааст, фаъолона иштирок намекардааст ва ба ҳамсабақонаш низ чунин наворҳои ифротиро нишон додаву онҳоро ба пӯшиданисатру ҳиҷоб даъват менамудааст.



Манбаъ афзуд, Сабзқадам тавассути яке аз рафиқонаш аз Маскав ба Шаҳноза пули роҳ фиристода, ӯ пинҳонӣ аз волидон бо баҳонаи тиҷорат ба Туркия сафар мекунад: “Дар фурудгоҳи Истанбул Шаҳнозаро нафарони махсус пешвоз гирифта, ба қароргоҳи махсусе мебаранд. Баъди он Шаҳноза ба яке аз шиносҳояш дар Душанбе бо номи Хуршед занг зада мегӯяд, ки ӯ на барои тиҷорат, балки барои ҷиҳод ба Сурия инҷо омада ва алъон автобусҳо омодаанду бояд ба ҷиҳод равад”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи дарёфти ин иттилоъ Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Туркия Шаҳнозаро қабл аз сафар ба Сурия боздошт ва ба Тоҷикистон бозпас овардаанд.

Вазорати умури дохилӣ бо нашри гузориши телевизионӣ дар бораи ин қазия аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудааст, аз узвият ба ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ худдорӣ намоянд:


ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия

ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия

ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия
Мӯҳр
Беном
Худаш танхо рафта истода будааст? Ягон "махрам"-ашро хамрох нагирифтааст ми? гуфтаи мардак и дилу гурдара бин а?

Калахр
Мегу хами 25 сола нес 2015-1990=25. Не. Ука хатое накардай 3 солак хато кардай брачка. Оли милисаи ба савод ками дар кам миёви. Шмо хам я захмат бкашен дикатаке бкнен бинен. Хуб мешава.

in durughi mahz ast>az turkiya hejkasa saforat ovarda nametonad saforati mo yak bich ast dar turkoya va in yak tarsondan ast ki ba jihod naravand

Мушовир
Шумо ки бо либоси исломи ҷангро оғоз кардаед, мемондед ки мерафт-як сатрпуш кам. Як сатрпушро ба Тҷ оварданатон шарт буд?

Ozodagon Shumo Konsulgari generaliro az Saforat farq kuned iltimos.

Андарз аз н.Шугнон
Чи дахшати бузургест. Кани насихатгарони мо? кани таъсири амри маъруфи Шумо муллоёни мухтарам. Шумо фарзандони хуро аз рохи нангин боздошта наметавонед. Пас дар хусуси ким кадом масъалахои халолу харом гушу майнаи мардумро гаранг кардаед. Илтимос аз онхое, ки худро мусулмон гирифта аз номи ислом гап мезанед, фарзандони худро аз рох баргардонед. Зеро чиход факат Сурия рафта шахид шудан нест. Хифзи нангу номус хам чиход аст.

Беном,
Беном,
Беном,
доданБеном,
доданПосух доданПосух доданБеном,
доданПосух доданПосух доданБеном,
доданПосух доданПосух доданБеном,
доданПосух доданПосух доданБеном,
додан

кулоб
ика хушруак бдайе бие ма хдм ба зани гирмт кучо мерай сирия

Беном, БЕНОМ ДАР ХАКИКАТ РОСТ МЕГУЯД, КОНСУЛГАРИ ДАР ИСТАНБУЛ ЧОН МЕКАНАДУ БА САФОРАТ МЕГУЗАРОНАНД (ОФОРМИТ) ...... БА САФОРАТ ТЕЛЕФОН КУН МЕГАН КИ ДИПЛОМАТХО НЕСТАНД... ЯКЕ ЧАШН ШАВАД ХАМААМОНРО ДАЪВАТ МЕКУНАНД, БАХОТИРИ АКС ГИРИФТАНУ ДАР ВЕБ САЙТАШОН МОНДАН ..... МО СТУДЕНТО АЗ САФРАТ НОРОЗИЕМБеном,

Саид
Ой бародарон он домулохое,ки дар минбархои ГАЙЮР буданду хакикатро мегуфтан ва хама онхоро гуш мекарданд аз минбархои масчид гирифташон ва он касонеро мондаанд,ки ба чуз васфи хукумату варакахои равон кардаи Кумитаи дин дигар чизе намегуянд пас чигуна мардум дигар домулоро гуш мекунад?!

Муллочоп
Дар инчо амри маъруфу нахй аз мункар хеч фоидае надорад агар медошт ин гуна дутаро ин кадар амри маъруф шунидаанд ки хаёлоти шудаву мондаанд!! мисли хамин асрхои гузашта амри маъруф кофи нест агар кифоят мекард рус моро омада аз кучахои пур аз ахлоту саргини гову гусфанд начот намедод замони инкилоби уктабр ( ниг. Ахмади Дониш Наводирул вақоеъ, Айни Ёддоштхо ва мухимтар аз хама Мирзо Сирочи Хаким -Тухафи ахли Бухоро)факат таълим ва факат хондан ва касби чахонбинии солим метавонад мардумро аз ин тафаккури ифроти начот бахшад инхо хамма аз бесаводи аст аз бесаводи аз бемаълумоти аз бефарханги ки дар асри 21 дигар бештар аз амри маъруф лозимаи инсони асри мост!!!

E Xudo to chi daraja besavodii khalki mora binen ki hakikatro az durug fark namekunand.Chixel jihod chixel? vakteki dar Suriya Musalmonho yakdigaro kushtaistodahan. Astaghfirullah

беном
садкаи номи зан шави. Садкаи ин мамлакати тинчу обод шави. Чи каи диди дар Чумхурии ободу тинч ки ба Сурия мерави?

Сар шид аку шикор ба Сатру Хиджоб, пеш муллохои арусбоз буд, баъд кирмаку пирмак, ана аку, сценарияи сатри сар меша.

ХАМААШ АЙБИ КАМБАГАЛИСТ. АГАР ХАЛК ЗИНДАГИИ ХУБ ДОШТА БОШАД НА ФОХИШАГИ МЕКУНАД ВА НА ТЕРРОРИСТИ.

Муслим
Мехостам инро фахмам ки макомот ин хохарро аз озоди махрум мекунад е хайр?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)