Суҳбати рӯбарӯи Раҳимзода бо сокинони Суғд ба таъхир афтод
Суҳбати рӯбарӯи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо сокинони вилояти Суғд, ки бо дастури раисҷумҳури кишвар қарор буд, 14 марти соли равон баргузор шавад, ба таъхир афтод.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, аввалин вохӯрии Раҳимзода баъд аз дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳуи кишвар бо сокинони вилояти Суғд ба рӯзи 18 март гузошта шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин вохурӣ дар бинои Раёсати умури дохилии вилояти Суғд баргузор шуда, шаҳрвандон метавонанд, бевосита бо вазири умури дохилӣ вохӯрда, арзу шикояти худро пешниҳод кунанд.
Суҳбатхои рӯбарӯи вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба ӯ дастур дод, барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои кормандони ниҳоди таҳти раҳбарияш бо сокинони шаҳру навоҳии кишвар суҳбатҳои рӯбарӯ анҷом диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |