11 март дар Тоҷикистон аз Иди матбуоти тоҷик ҷашн мегиранд. Ин рӯз ба унвони иди касбии рӯзноманигорон ва дигар кормандони ВАО низ ёд мешавад. “Озодагон” аз журналистони шинохта ва соҳибрасонаҳои кишвар пурсид, ки “БУЗУРГТАРИН МУШКИЛИ МАТБУОТИ ТОҶИК ЧИСТ?”
Умед БОБОХОНОВ, раҳбари медиахолдинги “Asia-Plus”
Фикр мекунам, бузургтарин мушкилот ин танг шудани фазо барои ибрози назар ва буҳрони иқтисодии меомада аст, ки ба ВАО ҳам бетаъсир намемонад.
Ато МИРХОҶА, муовини сармуҳаррири нашрияи “Ҷумҳурият”
Ба назарам, матбуоти имрӯз ҳамқадам ва ҳамнафаси замон аст ва агар мушкиле дошта бошад ҳам, ҷузъиву ҳалшуданист.
Саймиддин ДӮСТОВ, муассиси нашрияи “Нигоҳ”
Фикр мекунам, дар соли гузашта, имрӯз ва шояд чанд соли дигар ҳам бузургтарин мушкили матбуот рақобати носолим дар муҳити расонаии Тоҷикистон аст, ки он аслан ду масъул дорад: Яке Ҳукумати Тоҷикистон ва дигаре Конгреси ИМА. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 15-20 миллион сомонӣ барои расонаҳои чопӣ дар шакли обунаи ихтиёрию маҷбурӣ фароҳам мекунад, ки муҳити расонаҳои чопиро халадор мекунад. Ҳукумат барои онҳо миллионҳо сомонӣ ҷудо мекунад, аммо дар сохтани афкори ҷамъиятӣ муассир нестанд, ба болои ин дар контентофарӣ, ки яке аз вазифаҳои муҳими миллӣ мебошад, нақши боризе надоранд. Вале маблағе, ки барои онҳо дар майдони матбуот рехта мешавад садди роҳи рушди расонаҳо гаштааст. Омили дигар, Конгреси ИМА ҳаст, ки солона ҳудуди як миллиону 600 ё як миллиону 800 ҳазор доллар барои бахши тоҷикиии Родёи Озодӣ буҷа таҳия мекунад ва бар хилофи қонунгузории зидинҳисории ИМА ва бар хилофи қонугузории Тоҷикистон дар ин муҳити расонаҳо маблағеро ворид кардааст, ки барои мисол панҷгонаи расонаҳои миллӣ дар бахши расонаҳои электронӣ, хусусан дар бахши оҷонсиҳои хабарӣ наметавонанд бо он муқовимат кунанд. Буҷаи муштараки 5 расонаи дигар бо шумули “Авесто”, “Ховар“, “Озодагон”, “Тоҷнюс”, “Азия плюс” наметавонад аққалан 60 дар сад ё 70 дар сади буҷаи Родиёи Озодӣ бошад.
Дар ҳамчунин муҳит, ки рақобати бозорӣ вуҷуд надорад, расонаҳо наметавонад рушд кунанд, наметавонад муассир бошанд. Бинобар ин ба ҳайси як соҳибрасона бар онам, ки бузургтарин мушкил дар ҳоли ҳозир ҳамин мебошад. Ё бояд ҳамаи расонаҳо дар доираи қонунгузории Тоҷикистон амал кунанд ва ё бояд ҳукумат эълон кунад, ки ин бозори инҳисоршудаи расонаҳои ҳукуматӣ ва Конгреси ИМА мебошад. Дар ҳар сурати дигар ин расонаҳо наметавонанд рушд кунад ва ин ки ҳоло як гуна рақобат дар пахши ахбор эҳсос мешавад, танҳо қаҳрамониҳои 20-30 журналистонест, ки дар се ё чаҳор расонаи мустақил кор мекунанд. Агар дар 3-4 сол инҳо ҳам аз байн раванд, дар муҳит расонаҳои хориҷӣ ва расонаҳои ҳукуматии феълӣ мемонанд.
Хуршед АТОВУЛЛО, муассиси нашрияи “Фараж”
Бузургтарин мушкили матбуоти тоҷик набудани чопхонаи комилан мустақил дар назди ягон созмони байналхалқӣ, барои мисол САҲА ё СММ ба мисли Бишкек аст. Тамоми чопхонаҳои имрӯза бо занги телефонии як фарроши дастгоҳ ё ягон мақомот тайёранд аз баҳри нашри дилхоҳ нашрия бароянд, чунки метарсанд, то тиҷорати худро аз даст надиҳанд.
Ҳикматулло САЙФУЛЛОҲЗОДА, сармуҳаррири нашрияи “Наҷот”
Матбуоти даврии мустақил, ки аксаран дар воқеъ мустақилияти хешро ҳифзу тақвият мебахшанд, ҳаминро метавон гуфт, ки мушкили ин гуна ВАО пеш аз ҳама имкониятҳои молист, ки ворид шудани шумораи лозими рӯзноманигор ва журналисти хушсалиқаву озодандешро мушкил гардонидааст. Агар дар Тоҷикистон фаъолияти тамоми матбуотро мустақил роҳандозӣ мекарданд ва онҳо бо пуштибонии комил аз қонун мушкилоти ҷомеаро, новобаста аз давлатӣ ва ғайридавлатӣ будани онҳо, мунсифона ва пайгирона ба баҳс мекашиданд ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ думболи баррасии қонунии ин мушкилот мерафтанд, бисёре аз ниҳодҳои давлатӣ нозарур мегаштанд. Пас мушкили матбуоти мустақил молист, агар дар рақобат бо масъалагузориҳо ҳар кадоме аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешуданд, ҳам ваҳдати журналистӣ ба вуҷуд меомаду ҳам ҷомеъа ба рушди воқеӣ рӯ меовард.
Акбаралӣ САТТОР, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Бузургтарин мушкили матбуоти тоҷик ин нарасидани кадр аст.
Раҷаби МИРЗО, журналист
Бузургтарин мушкили матбуот ин вобаста будан аст. Вобаста будани матбуоти Тоҷикистон пеш аз ҳама аз чанд омил сарчашма мегирад, ки шояд он дар дигар матбуоти ҷаҳон эҳсос нашавад. Аз як ҷониб тарси дохилӣ аст, ки аз раванди ҳодисаҳои чанд соли ахир ба вуҷуд омадааст. Дуюм, паст будани заминаҳои иқтисодии матбуот аст. Ҳатто бархурди рекламадиҳандагон ҳам ба матбуот якхела нест. Аз ҳамин дидгоҳ, як қадар номустақил менамояд. Дар тамоми дунё матбуот кушиш мекунад, ки аз хонандаи худаш вобастагӣ дошта бошад. Барои онки аз хонандаи худаш вобастагӣ дошта бошад, бояд ҳамеша ҷиҳати хонандаи худашро муайян кунад. Аз баски дар Тоҷикистон тавозуни нерӯҳои сиёсӣ дида намешавад, расонаҳои Тоҷикистонро ба сифати як нерӯи дигар мешиносанд, ҳол онки вазифаи матбуот ва расонаҳо ин нест. Балки миёнарави ҳамин нерӯҳо бояд бошад. Аз ҳамин дидгоҳ доимо дар чорроҳа аст ва наметавонад худро аз вобастагӣ барорад.