Бахшҳо
05 мар 2015 10:29Ҳуқуқи инсон

Дахолати волидон ба ҳаёти навхонадорон

Водиши ФАЙЗ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар як соли охир дар Тоҷикистон наздики 3600 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки сабабҳояш гуногун аст. Яке аз сабабҳояшро дар дахолати волидон ба ҳаёти навоиладорон арзёбӣ мекунанд. Дар матлаби зерин, ду ҳодисаи воқеӣ баён мегардад, ки инъикоскунандаи яке аз мушкили имрӯзи ҷомеаи кишвар аст.


Сабукандешӣ боиси хонавайронии духтар шуд

Фирдавс (номи ҳамаи қаҳрамонҳо иваз карда шудааст), ҷавоне аз шаҳри Душанбе, ки Донишгоҳи миллиро хатм кардаасту 27 сол дорад, пас аз ҳафтае маротибаи дуюм оила барпо мекунад. Ӯ умед дорад, ки ин маротиба зиндагиаш бо ҷараёни дигар пеш меравад ва ӯ ниҳоят ҳамсафари ҳаётии худро пайдо мекунад.

Маротибаи аввал Фирдавс 3 сол қабл бо Парвина-духтаре, ки волидонаш пайдо карда буданд ва аз худаш 6 сол хурд буд, оила барпо намуд. Фирдавс мегӯяд, ҳамсараш духтаре буд, мактаби олӣ нахонда, аммо хеле боодобу хушрафтор. Зиндагии якҷояи онҳо бо як маром пеш мерафт ва ҳарду хушбахт буданд. Онҳо ҷудо аз волидони Фирдавс зиндагӣ мекарданд. Ба гуфти Фирдавс, ӯ як соли аввали оиладорӣ дар куҷое кар намекард, аммо аз ҳисоби ронандагӣ зиндагиашро пеш мебурд. Пас аз як сол ӯ ба кори ҳарбӣ дохил шуд ва корро оғоз намуд.

Фирдавс мегӯяд, пас аз ба кор даромадан, гумон кард, ки дигар барои зиндагии хушбахти ӯ ҳама чиз кофӣ аст ва ҳамсари ҷавонаш ҳам аз ин хеле хушнуд буд. Ҳатто фарзанддор нашудани онҳо ҳам ҳеҷ таъсири баде дар зиндагии хушбахти онҳо намерасонид. Онҳо ҳамин тавр наздики ду сол зиндагӣ карданд ва ҳар ду ҳам назди духтур мерафтанду табобат мегирифтанд, то соҳиби фарзанд шаванд. Фирдавс мегӯяд, ҳамеша кӯшиш мекард, то ҳамсараш ғамгин нашавад ва аз ин сабаб ҳар вақте ки занаш аз фарзанддор нашудан сухан мекушод, ӯро ором мекард, ки бояд сабр кард ва ҳатман Худо фарзанд медиҳад. Аммо як соли охири зиндагии онҳо ҷараёни дигар гирифт ва талх шуд. Фирдавс аввалин ҳолати тағйирёбии муносибати худ ва ҳамсарашро ба хотир оварда, мегӯяд:
- Пас аз ба кори ҳарбӣ гузаштан, як шабонарӯз кор ва ду шабонарӯз истироҳат мекардам. Рӯзҳои кориам ҳамсарам ҳамеша ба ман занг мезад ва аз ҳолам мепурсид. Рӯзе ба кор рафтам ва муддати як шабонарӯз ҳамсарам ба ман занг назад. Аз кор баргашта аз ӯ пурсидам, ки ягон гап шудааст, ки занг назадӣ? Ӯ хомӯш буд ва чизе нагуфт. Ба ҳолаш гузоштам ва пас аз як каме, вақте ҳарду ба сайр баромадем, аз ӯ сабаби занг назаданашро пурсидам. Ӯ гирист ва гуфт, ки модараш омода будааст ва барои фарзанддор нашудани мо сарзаниш кардааст. Ҳатто барои ба ман занг заданаш.

Пас аз ин воқеа Фирдавс ҷиддан аз паси табобат мешавад ва ҳамсарашро ҳам бо худ мебарад. Аммо дахолати хушдоманаш ба зиндагии ӯ рӯз аз рӯз бештар мешуд ва кор ба ҷое расид, ки дигар тоқати Фирдавс ҳам тоқ шуд. Зеро хушдоманаш ҳамеша ҳамсарашро «насиҳат» мекард ва «роҳи дурусти зиндагӣ»-ро нишон медод. Ҳатто дигар ба либоспӯшии духтараш Парвина ҳам эрод мегирифт ва ӯро таъна мезад, ки ҳамсараш, яъне Фирдавс ӯро маҷбур кардааст, ки либоси исломӣ пӯшад. Ба Парвина ҳам таънаҳои ҳаррӯзаи модараш асар кард ва ӯ ҳам бо Фирдавс бисёр ҷанҷол мекард. Фирдавс ҳам бисёр асабонӣ мешуд ва аз рафтори хушдомани худ сахт ранҷида буд.

Рӯзе Фирдавс аз кори доимиаш баргашта, Парвина-ҳамсарашро боз асабӣ дарёфт. Парвина бо ӯ ҷанҷолро оғоз кард ва сабаби ин ҳам он буд, ки Фирдавс аз ӯ тезтар омода кардани хӯрокро пурсид. Пас аз ин, Фирдавс маҷбур шуд Парвинаро ба хонаи падараш барад ва аз падарарӯсаш, пас аз нақли ҳодисаҳои ахир, хоҳиш кунад, ки ҳам Парвина ва ҳам хушдоманашро насиҳат кунанд, то зиндагии онҳо талх нагардад. Падарарӯсаш марди ботамкин буд ва ҳамеша бо Фирдавс муомилаи хуб дошт. Вақти хайрухуш Фирдавс ба падарарӯсаш таъкид кард, ки пас аз як ҳафта омада ҳамсарашро мебарад ва дар ин муддат, шояд Парвина як каме ба худ меояд. Падарарӯсаш ҳам ваъда дод, ки ҳардуро насиҳат мекунад.
Пас аз як ҳафта, вақте барои овардани ҳамсараш рафт,волидони Парвина ба Фирдавс гуфтанд, ки дигар духтарашон бо ӯ зиндагӣ намекунад ва талоқи духтарашонро диҳад. Фирдавс мегӯяд, хушдоманаш имкон надод, ки ҳамсарашро бубинад ва ҳатто телефонӣ сӯҳбат кардани Парвина бо Фирдавсро иҷоза надод.
- Хеле кӯшиш кардам, ки ақаллан бо ҳамсарам телефонӣ сӯҳбат кунам, аммо хушдоманам телефонро ба ӯ намедод ва ҳатто намегузошт бо ҳамсари худам вохӯрам. То имрӯз намедонам, ки тасмими ҷудо шудан қарори Парвина буд ё не. Шаш маротиба волидонам рафтанд, то келинашонро ба хона оранд, аммо модари Парвина нагузошт. Онҳоро суханҳои қабеҳ гуфта, аз хонаашон ронданд,-мегӯяд Фирдавс.

Фирдавс ва Парвина танҳо рӯзи аз ҳам расман ҷудо шудан ҳамдигарро диданд, ки Парвина мегирист, аммо наметавонист аз сухани модараш берун барояд.
Пас аз расман аз ҳам ҷудо шудани Фирдавс ва Парвина натиҷаи ташхис мушаххас шуд, ки дар он гуфта мешавад, сабаби аслии фарзанддор нашудани онҳо, бемории Парвина будааст. Фирдавс мегӯяд, ки натиҷаи ташхисро аз падари Парвина, ҳамакнун собиқ падарарӯсаш, ки худ духтур аст ва то ҳол бо ӯ муносибати бад надорад, фаҳмидааст.

Муҳоҷират, барои аз таъна халос шудан

Фархунда, духтарке аз музофоти Тоҷикистон, ки бо се фарзандаш дар хонаи модараш зиндагӣ мекунад, орзу дорад, ки рӯзе ҳамсараш Сайфиддин аз Русия бармегардад ва онҳо соҳиби хонаи лоҳида шуда, якҷо зиндагӣ мекунанд.

Фархунда, ки худ яке аз донишгоҳҳои олии кишварро хатм кардааст, мегӯяд, ки пас аз панҷ соли зиндагӣ, ҳамсараш дигар таънаҳои модарашро тоқат накард ва ба Русия барои муҳоҷират рафт, то маблағи муайяне ба даст оварда, хонаи алоҳида бихарад ё бисозад. Ӯ мегӯяд, онҳо ҳамдигарро худ интихоб кардаанд ва оилаи онҳо дар заминаи дӯстдорӣ ташкил шудааст. Аммо ин ба модари Сайфиддин писанд набуд ва аз рӯзи аввали хонадоршавиашон модари Сайфиддин писарашро маҷбур мекард, ки хонаи алоҳида бигирад ва ҳамсарашро гирифта равад.
Фархунда мегӯяд:
- Модари ҳамсарам аз оғоз муқобили оиладоршавии мо буд, аммо Сайфиддин якравӣ карда, ба ман оиладор шуд. Новобаста ба он, ки мо наздики панҷ сол аст, якҷо зиндагӣ мекунем ва соҳиби се фарзанд шудаем, хушдоманам ҳамеша писарашро маҷбур мекунад, ки хонаи алоҳида гирад ё аз ман ҷудо шавад. Лекин ҳамсарам Сайфиддин намехоҳад, ки аз ман ҷудо шавад ва ҳамчунин се фарзандашро саргардон кунад. Дар баробари ин, ӯ наметавонад аз модараш ҳам рӯ гардонад.

Фархунда мегӯяд, шавҳараш ҳар сол ба Русия меравад ва пас аз сафар модари ҳамсараш ба ӯ рӯзи хуш намедиҳад.
- Ман ба ин одат ҳам кардам, аммо модари ҳамсарам ҳатто фарзандонамро, ки набераи худаш аст, ҳамеша озор медиҳад. Ман кӯшиш мекардам инро аз ҳамсарам пинҳон кунам ва ба ӯ ҳамеша мегуфтам, ки ҳамааш хуб аст ва аз чизе хавотир нашавад. Аммо «офтобро бо доман пинҳон карда намешавад», гуфтаанд. Ҳарчанд ман пинҳон мекардам ва ҳамаашро хуб нишон медодам, аммо ҳамсарам асли воқеаро пайхас мекард, -мегӯяд Фархунда.
Вақте Сайфиддин маротибаи охир аз сафар баргашт, муносибати модараш бо ҳамсар ва фарзандонашро дида, хулоса кард, ки дигар ин тавр намешавад зиндагӣ кард. Аз ин сабаб, бо Фархунда маслиҳат карда, ӯро ба хонаи модараш, яъне модари Фархунда бурд.
- Ҳамсарам аз Русия пул мефиристод ва ҳамеша як миқдор маблағ барои фарзандонаш алоҳида мефиристод. Чун маблағро волидонаш мегирифтанд, ҳар тавре онҳо мехостанд, сарф мекарданд. Ман аслан аз онҳо пул намепурсидам ва ҳарчи дар хона буд, бо он қаноат мекардам. Баъзан модарам пинҳонӣ ба ман як миқдор пул медоданд. Аз он истифода мекардам. Вақте шавҳарам маротибаи охир аз Русия баргашт ва тӯҳфаҳои фиристодааш пурсид, ҳама хомӯш мондем. Ва ҳамчунин, вақте фаҳмид, ки духтари калониам ба боғча намеравад ва сабабаш пардохт накардани маблағи боғча буд, хеле асабӣ шуд. Ӯ бегоҳ гуфт, ки ман барои фарзандонам алоҳида пул мефиристодам, то онҳо аз чизе кам набошанд. Барои Фирӯза, духтари калониам алоҳида пул мефиристодам, то боғча равад. Ҳатто тӯҳфаҳои ахиран фиристодааш ҳам ба онҳо нарасида буд. Пас аз ин, мо маслиҳат кардем ва шавҳарам маро ба хонаи модарам оварда монд ва ҳоло ман ин ҷо зиндагӣ мекунам, то омадани шавҳарам,-бо ҳасрат мегӯяд Фархунда.

Фархунда мегӯяд, агар байни ҳамсараш ва ӯ ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд намедошт ва онҳо ба таънаву амалҳои хонаводаи ҳамсараш бархӯрд ё таваҷҷӯҳ мекарданд, шояд оилаи хушбахти онҳо пош мехӯрд. Ӯ хушбахт аз он аст, ки ҳамсараш сабрро ихтиёр кард ва худи ӯ ҳам пурсабр буд, ки имрӯз оилаи ӯ пароканда нашудааст ва душвор ҳам бошад, зиндагӣ карда истодаанду умед доранд, ки рӯзи соҳиби хонаи алоҳида шуда, хушбахтона зиндагӣ мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)