Бахшҳо
06 мар 2015 18:29Ҳуқуқи инсон

ДОМулло

Ҷасур АБДУЛЛОЕВ

Бо домулло баҳс кардан гуноҳ нест!

Замоне китобҳои доир ба вазъи иҷтимоӣ Бухоро навишташударо хонда, тасаввур карда наметавонистем, ки то чӣ ҳад мардум гӯлу гумроҳ будааст. Ба назарамон чунин менамуд, ки гӯё афсона мехонем ва ҳатто баъзан мегуфтем, ки муаллиф (Дар бештар ҳолат китобҳои Устод Айниро хонда, дар асоси навиштаҳои ӯ хулоса мекардем. –Ҷ.А.) муболиға менамояд. Дар хотир дорам, ҳатто бо як дӯсти донишҷӯиям, ки қариб ҳамаи асарҳои Айниро хондаву ба Устод эътиқоди зиёд дошт, баҳсҳои тунд ҳам мекардем. Ӯ даъво дошт, ки Айнӣ ҳақиқати ҳолро навиштаву ҳеҷ муболиға накардааст, аммо мо даъво мекардем, ки Устод зери таъсири идеологияи коммунистӣ ба муллоҳо назари манфӣ дошт ва аз ин сабаб, дар асарҳояш ҳамеша нақши муллоро манфӣ тасвир мекард. Пас аз гузашти чанд муддат, махсусан имрӯз ба муносибати мардум ба рӯҳониён (Албатта, ин ҷо рӯҳониёни воқеан босавод ва донишманд, ки кам ҳам нестанд, истисноанд. –Ҷ.А.) назар карда, наметавонам бо он дӯстам ҳамфикр набошам.

Дар он китобҳо замоне тасвир шуда буд, ки ҳоло воситаҳои муосири иттилоотӣ ва табодули афкор вуҷуд надошт. Ҳатто газета ҳам набуд. Мардуми он замон имконияти маҳдуди муошират доштанд ва ғайр аз мулло касе набуд, ки аз ӯ маълумот гиранд ва чизеро пурсанд. Мардуми оддӣ роҳи дигаре ба ҷуз гӯш кардани ҳарфи мулло ва тафсири ӯ надоштанд. Ба қавле, ҳар чи мулло мегуфт, ҳақиқати кул қабул мекарданд. Дар чунин ҳолат, нимчамуллоҳо, ки як каме савод доштанд майдони васеъ пайдо карда буданд ва ҳар тавре худ мехостанд, сухан мекардан ва масъалаҳоро тафсиру шарҳ медоданд.
Аммо имрӯз чӣ? Имрӯз воситаҳои гуногуни муошират ва табодули афкор вуҷуд дорад. ВАО ва Интернет пайдо шудааст. Имкониятҳои зиёди таҳлили андеша ва масоили гуногун вуҷуд дорад. Ҳар нафар имкон дорад дилхоҳ масъаларо таҳқиқ кунад ва роҳи дурусти ҳаллашро пайдо намояд. Аммо… ба ҷомеаи имрӯз назар карда, гумон мекунед, ки ҳоло ҳам дар ҳамон давраи подшоҳӣ зиндагӣ дорем. Ин андеша аз куҷо пайдо шуд?

Замоне ки телевизионҳои кишвар пахши наворҳои «нимчамуллоҳо»-ро оғоз карданд, бисёриҳо гумон карданд, ки шояд қабл аз интихобот ин як маъракаи муқобили ҲНИТ аст. Бояд иқрор шавем, бештари мо ҳам ҳамин тавр гумон кардем. Ва шояд мақсади аслӣ ҳамин буд, аммо мардонавор бояд гуфт, ки он чи дар навор гуфта мешуд, агар сад дар сад набуд, аммо қисман ҷо дошт. Дуруст, муболиға бештар буд ва шояд баъзе ҳарфу ҳиҷои нодуруст ва дурӯғ ҳам ҷо дошт, аммо дар умум он чи намоиш дода шуд, ки дар ҷомеа воқеан вуҷуд дорад.

Мо рӯҳониёни босавод ва донишманди зиёд дорем, аммо дар сояи онҳо нимчамуллоҳои зиёде зуҳур кардаанд, ки аз эътиқоди мардуми оддӣ сӯистифода мекунанд ва онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз ҳамин нимчамуллоҳоянд, ки симои рӯҳониёни кишварро дар назари мардум манфӣ ҷилва медоданд. Онҳо ҳамон амалеро иҷро мекарданд, ки нимчамуллоҳои замони подшоҳӣ мекарданд.

Дар хотир дорам, дар як маъракаи хурсандии дӯстамон нишаста будем ва дар он домуллои деҳа ҳам иштирок дошт. Як дӯстамон аз домулло дар мавриди бисёрзанӣ пурсид. Домулло гуфт, ки Ислом иҷоза додааст, ки мард то чор зан бигирад. Аммо шарҳ надод, ки дар кадом ҳолат мард метавонад болои занаш зани дигар гирад. Дар ин маврид умуман ҳарфе ба забон наовард. Вақте аз ӯ пурсидем, ки «оё ягон шарте ҳаст?», посух дод, ки «бале, агар онҳоро таъмин карда тавонед, метавонед зани дигар гиред». Вале дар мавриди шартҳои дигари зани дигар гирифтан чизе нагуфт. Ин дар ҳоле, ки Ислом шартҳои зани дигар гирифтанро мушаххас гуфтааст ва бояд он риоя шавад. Аксари он ҷо нишастагон ба ҳарфи он домулло гӯш доданд ва пас аз маърака, аз суханҳои онҳо хулоса кардан мумкин буд, ки шарҳи он домулло онҳоро қонеъ кардааст.

Ин як мисоли оддӣ буд, ки худ шоҳиди он шудаву бардоштамро нигоштам. Аммо ҳодисаҳо зиёданд, ки то чи ҳад мардум ифротӣ шудаву сухани домуллоро, ки шояд саводи бештар аз онҳоро надошта бошад, бовар мекунанд. Ва аз ин нимчамуллоҳо сӯистифода мекунанд.
Аз ошкор кардани аъмоли чунин нимчамуллоҳо ва ифротгароҳо набояд дурӣ ҷуст ва набояд имкон дод, ки онҳо Исломро ба манфиати худ истифода кунанду мардумро гумроҳ намоянд. Албатта, он тавре ки ТВ-и давлатӣ инъикос мекунад, шояд то андозае ғайриҳирфаӣ бошад, аммо зиёданд нафароне, ки бо чунин роҳ зиндагиашонро пеш мебаранд ва мардумро гумроҳ мекунанд.

Ин андешаи мардум, ки гӯё «ҳамаи муллоҳо донишманданд ва ҳақиқатро мегӯянд» ғалати маҳз аст ва аз ҷониби ҷавонон ифротгароии динӣ чизе беш нест. Онҳо ҳам дурӯғи зиёд мегӯянд, ки онро бояд ошкор кард. Бо онҳо низ бояд баҳс кард, суол кард, хатояшро нишон дод…
Дар асри техникаву иттилоот зиндагӣ карда, андешаи як нимчамуллоро ҳақиқати кул қабул кардан, аз бесаводӣ дарак медиҳад.
Исломро аз китоб бояд омӯхт, аз рӯҳонии бовиҷдон ва донишманди ҳақиқӣ бояд омӯхт, на аз ҳар нимчамуллое, ки риш давондаву чор сураро азёд кардааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)