Машҳур ИМОМНАЗАРОВ
Агарчи солҳои охир зуҳуроти ифротгароӣ то ҳадде ба Тоҷикистон асар карда бошад. Пас минтақаи Бадахшон ҳам муттасилан аз он дар амон нест. Хусусан падидаи мазкур ба ноҳияҳои поёнии вилоят аз қабили Ванҷу Дарвоз таъсирот дорад. Аммо аз пайвандони ин навоҳӣ ҳам афроде ба гурӯҳҳои тундгарои мазҳабӣ шомил мешаванд, ки қаблан дар мактабҳои динии берун аз кишвар таҳсилот доштанд. Дар ин бора сӯҳбате доштем бо номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти ВМКБ Сардорбек Азорабеков.
-Лутфан бигӯед, ки теъдоди чанде аз аҳли навоҳии мазкур ифротгароиро хостагирӣ карданд?
-Агарчи онҳо зодагони аслии Бадахшонанд. Лекин феълан баъзеи онҳо маскунони муқимии вилоят маҳсуб намешаванд. Чунки дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ амсоли вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе сукунат карданро ихтиёр доштанд. Ё худ ба муҳоҷирати меҳнатии кишвари Русия рафтанду сипас аз онҷо озими сафар ба кишвари Сурия карданд. То солӣ ҷорӣ 18 нафар аз ноҳияи Дарвоз дар хориҷи кишвар ба таҳсилоти динӣ фаро гирифта шуданд. Ахиран 17 нафари онҳоро боз гардондем, ки дар маркази ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ҳам Дарвоз зист доранд. Ғайр аз як ҷавонзане, ки дар кишвари Миср расман таълимот мегираду зистгоҳи доимиро дар онҷо интихоб кардаст. Мувофиқи маълумотҳои дигар 13 нафар зодагони ноҳия Ванҷ ба мавзеи Шоми кишвари Сурия рафтанд. Вале онҳо ҳам бевосита аз ҳудуди Бадахшон нарафтанд. Яъне аз дигар мавзеҳои манотиқи ҷумҳурӣ барои «ҷиҳодравӣ» роҳӣ шуданд. Агарчи дар вилоят пешгирии рӯйдодҳо вобаста ба ифротгароӣ зери назорати вижагии мақомот аст.
- Дар воқеъ чӣ иллате боис мегардад, ки зодагони Бадахшон бачунингурӯҳҳо шарик мешаванд?
-Албатта нахуст ҷавонони навоҳии поёние, ки замоне аз макотиби беруна таълимот гирифтанд. Ангезаи водошти ҷиҳодӣ ё худ хилофатгароиро пешакӣ дар замираш мепарваранд. Яъне онҳо сари дуроҳа қарор нагирифта, нишони рӯшан доранд. Бо ҳарфи дигар чунин таълимот қаблан дар мафкураи онҳо ҷойгиру масун мебошад. Иллати моддӣ ё худ ба даст овардани маблағ ҳам нақши азиме аст. Лекин пешвоёни гурӯҳҳои ифротӣ бар он назар доранд, ки кадом аҳолии минтақаи вилоят бенавотару қашоқ ҳаст. Аслан ҷавонони он мавқеъиятро ҷалб мекунанд. Аз тарафи дигар ононе, ки таълимоти маънавӣ ва дунявии заъиф доранд. Пеш аз ҳама чунин зуҳуротро қабул доранду муздури тундгароён мешаванд.
- Оё нишонаи нигаронӣ ё худ осори таҳдиди ин падида барои маскунони марказ ва ноҳияҳои болоии вилоят ҳам мавҷуд аст?
- Феълан таҳдиди хос барои ҷавонони мусалмони фирқаи исмоилиянишин нест. Чунки таълимоти мазҳабӣ бевосита аз ҷониби Имоми давр, марказҳои анҷумани динӣ ва халифаҳои маҳаллӣ роҳандозӣ мешавад. Яъне онҳо дар як чаҳорчӯбаи муайяни маънавӣ ва мувофиқи арзишҳои суннатӣ фаъолият доранд. Вале агар ин падида мисли ҳозира торафт густариши ёбад. Бешак ба ҷавонони навоҳии болоӣ ва маркази вилоят ҳам асар мекунад. Агарчи ҳамсояи наздикамон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. Амсоли гурӯҳҳои Толибон, ки аз ҳама беш ба ВМКБ наздиканд. Албатта чунин гурӯҳҳо таҳдид бар кулли Тоҷикистон доранд, нафақат барои вилоят. Бинобар ин моро зарур аст, ки барои чунин рӯйдодҳо аз ҳар канор омода бошем.
- Аз нигоҳи шумо феълан аҳолии вилоят то чӣ андоза хатари паёмадҳои падидаи рӯзро мепазирад?
-Ахиран вохуриҳое, ки бо маскунони шаҳру навоҳии вилоят оид ба масъалаи мазкур доштем. Теъдоди беше аз онҳо дар иртибот бо вазъи тундгароӣ тасаввуроте ҳам надоранд. Яъне онҳо ба василаи антеннаҳои параболӣ фақат шабакаҳои кишвари Русияро тамошо доранд. Дар онҳо маълумоти зарурӣ вобаста ба дарки воқеии масъала дода намешавад. Гарчанде иттилоот вобаста ба масъала тариқи дигар манобеи хабарӣ ё худ шабакаҳои ҷумҳурӣ ҳам дода мешавад. Боиси таасуф аст, ки солҳои охир баъзе аз ҷавонони Бадахшон тамоюл ба фарҳанги бегонапарастиву тундгароӣ доранд. Ҳамарӯза бо бисёре аз онҳо дар ҳама ҷо рӯ ба рӯ мешавем. Як хелашон ба мисли бумиёни ҷангалнишин риш мемонанду изори дарозеро дар бар доранд. Ё худ амсоли каллапӯшҳои арабиро ба сар карда, парастиш ва тақлидгарои«мултикултураи» маърифати бегона мешаванд. Лекин агар ба таърихи гузаштагонамон назар кунем. Аҷдодонамон, ки ориёитабор буданд ба ҳеҷ ваҷҳ фарҳанги арабгароиву туркгароиро қабул надоштанд. Ҳатто агар онҳоро мавриди уқубат ва шиканҷаи ҷисмонӣ қарор доданд.
-Яъне шумо бар онед, ки аҷнабигароӣ боиси тезравии тундгароӣ ҳоҳад шуд?
-Таърих гувоҳ аст, маҳз падидаи ифротгароӣ боис шуд, ки давлати нерӯманди Сомониён аз байн рафт. Ҳанӯз аз он замон садҳо равшанфикрону маърифатпарваронро таъқиб карданд. Ё худ бо назарияи такфир онҳоро ба қатл расониданд. Маҳз аҷнабиён таълимоти ифротгароиро бо усулҳои ҳархела тарғиб карданд. Бузургони даврро аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Носири Хусравро аҳли куфор мехонданд. Ба чашмони бузургвори мӯътабар Абуабдуллои Рӯдакӣ мил кашиданду ӯро кӯр карданд. Ва хостанд хирадгарои ҳамчун Фирдавсиро зери пои фил партоянду бикушанд. Билохир мисоли ин далелҳо кам нестанд, ки чунин падида таҳдиди вижагие ба даври кунунӣ ҳам дорад. Феълан зарур аст, ки таълимоти ягонагӣ ва воҳидияти башарӣ аз ҷониби масъулини дин, омӯзгорони макотиб ва ғайра тарғиб шавад. Ва мувофиқи матлаб фаҳмиши исломи ноб барои аҳолӣ хусусан ҷавонон роҳандозӣ гардад. Агар воқеан чунин аъмол рӯи кор оянд. Осудагиву оромии ҷомеаи мутамаддин ба як мизон эътидол хоҳад гирифт.